
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таҳкими ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсила мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ доир мегардад.
Мулоқотҳо аз рӯйи усули “Факултет ба факултет” ва “Курс ба курс” бо иштироки намояндагони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Зимни мулоқоти навбатӣ (12.02.2025) масъулин вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуда, нақши ҷавононро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ шарҳ доданд. Масъулин оид ба масъалаҳои ҳушёрии сиёсӣ, пешгирии таҳдидҳои муосир ва зарурати ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, инчунин, нақши оила дар тарбияи насли наврас, арзишҳои ахлоқӣ ва маърифати оиладорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии гароиш ба фарҳангҳои бегона ва эҳтиром ба расму оинҳои миллӣ суханронӣ намуданд.


Зимнан таъкид шуд, ки ҷавонон неруи созанда ва такягоҳи асосии давлат ҳастанд. Давлат барои рушди ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда, тавассути барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои таълимӣ ва имкониятҳои рушди касбӣ онҳоро барои саҳмгузорӣ дар ҷомеа омода месозад. Зикр гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон на танҳо ба таъмини шароити хуби таҳсил ва шуғл равона шудааст, балки рушди маънавӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро низ дар бар мегирад.
Ёдрас мешавем, ки вохӯриҳо миёни донишҷӯёни факултетҳои ДМТ идома дошта, беҳтарин имконият дар самти мустаҳкам намудани донишҳои сиёсӣ мебошад.
Шаҳзода Ашуралиева,
корманди ДМТ