ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

171

Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»

ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ аст, ки дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ва таҳкими амнияти умумибашарӣ дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бештар ҷалб менамоянд ва то имрӯз мавриди баррасии дақиқи ҷомеаи башарӣ қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтаанд. Ин равандро метавон густариши фарҳанги сиёсӣ ва пешрафти дипломатияи муваффақонаи Президенти Тоҷикистон унвон намуд. Чунин нигоштааст Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода. миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

-Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон ва нақш гузоштан дар ҳалли проблемаҳои муҳимми ҷаҳонӣ дар таҳияи сиёсати хориҷӣ дипломатияи обро ба роҳ монд. Барои тарҳрезии ин сиёсат Сарвари давлат корҳои муҳимеро анҷом доданд, ки дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузургу саривақтӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки нақши Пешвои миллат дар эҳёи ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон назаррас маҳсуб мегардад, чунки то ин муддат зиёда аз панҷ ташаббуси байналмилалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии амиқ пайдо намудааст. Агар ба заминаҳои таърихӣ-бунёдии нақш ва мавқеи Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти об дар миқёси минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ намоем, он аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва равобити мустақими байналмилалӣ бо дигар мамлакатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ сарманшаъ мегирад.

Дар баробари таваҷҷуҳи махсус ба масоили обу иқлим ва дар ин самт пешниҳод намудани якчанд таклифҳои созандаву саривақтӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти таъмини сулҳу амният дар ҷаҳон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва кишварҳои ҷаҳонро барои расидан ба сулҳу оромӣ ва иқдоми созандаву муҳим даъват менамоянд.

23 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши оянда иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ таъкид доштанд, ки “ин нишаст барои баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлим, рафъи камбизоатӣ, ҳифзи сиҳатии омма, вазъи зиндагии занон, таҳсилоти фарогир ва дигар масъалаҳои глобалӣ боз як имконияти муносиб фароҳам овардааст”.

Зимни таҳлили вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла, хавфу таҳдидҳои муосир ба сулҳу амният Сарвари давлат изҳори итминон намуданд, ки иштирокдорони ҳамоиши имрӯза барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ ва такмил додани вокунишҳои байналмилалӣ ба хатару таҳдидҳои муосир тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Ин иқдом бори дигар аз сулҳофару ваҳдатпарвар будани миллати тоҷик гувоҳӣ дода, беҳтарин муждае барои тамоми башарият хоҳад буд. Зеро сулҳу субот ва оромишу осоиштагӣ асоси пешрафт, зиндагии арзанда, рушди босуботи ҷомеа ва волотарин арзишҳои инсоният маҳсуб мешаванд. Ҳамзамон зарур дониста шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади расидан ба рушди устувор иқдоми фаъолтарро амалӣ намоянд.

Таҷрибаи сулҳофарии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ гуфтан хато нест» (Кофи Аннан, собиқ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид).

Сулҳу амният, ки гаронарзиштарин сармояи инсоният ба шумор рафта, кафили зиндагии арзанда барои одамон аст, маҳз бо талошу кӯшиш ва заҳматҳои муттаҳидкунандаи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ба даст меояд. Ваҳдату осоиштагӣ ва сулҳи сартосарии Тоҷикистони азиз низ, ки бо тай намудани душвориҳои зиёд ва ба харҷ додани талошҳои бешумор ба даст омадаанд, ба корномаи шахсияти намоёни сиёсати ҷаҳонӣ ва фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик дар вартаи парокандашавӣ қарор дошт ва Тоҷикистони тозаистиқлол ба сарҳади нестӣ расида буд. Маҳз иродаи қавӣ, талошҳои пайваста ва ҷонбозиҳои фарзанди барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон сабаби он гардиданд, ки дар кӯтоҳтарин муддат сулҳу амният дар Тоҷикистон барқарор шавад ва садҳо ҳазор гурезагони иҷборӣ ба Ватан баргарданд.

Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон вазъияти мураккаби сиёсӣ аз аввалин роҳбароне шуданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи дастҷамъона бар зидди ҳама гуна хатарҳои ба муқобили сулҳу амнияти ҷаҳонӣ равонашуда даъват намуданд. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва фарҳанги волои ваҳдатофаринии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати нодиртарин дастоварди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ба даст овардани сулҳу ваҳдат маҳсуб мегардад. Зеро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хуб дарк намуданд, ки ба даст овардани ваҳдати тоҷикон танҳо дар сурати муколама ва гуфтушуниди тарафҳо имконпазир аст.

Барқарорсозии сулҳу амният дар Тоҷикистонро метавон аз заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд, ки на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дастоварди муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро, амнияту оромиши Тоҷикистон бо назардошти мавқеъ ва имкониятҳои ҷуғрофии он кафили сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Ҳамин аст, ки имрӯз ин механизми сулҳофарии тоҷиконро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон барои хомӯш намудани даргириҳои гуногун истифода мебаранд. Воқеан ҳам ба даст овардани сулҳ бо истифода аз роҳҳои дипломатӣ дар шакли гуфтушунид ва муколамаҳо ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, то ақидаи худро оид ба сулҳу амният ва роҳҳои ба даст овардани он тағйир диҳад. Имрӯз фазои сулҳу осоишта ва ваҳдати саросарии тоҷикон имкони бештар фароҳам овардааст, то Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масоили гуногуни глобалӣ, аз қабили мушкилоти обу иқлим, ҳифзи табиат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва амсоли инҳо ташаббусҳои созанда ва ҷаҳонӣ нишон диҳад.

Маҳсули заҳматҳои шоистаи Пешвои миллат он аст, ки мамлакати мо дар масири 33 соли истиқлолият ба сулҳу ваҳдати миллӣ расида, дар ин марҳила қонунгузории миллии худро бунёд намуд ва низоми самараноки мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онқо мустаҳкам карда шуд.

Дар таҳкими давлатдории навини Тоҷикистон, заминагузорӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва якдиливу иттиҳоди наслҳои минбаъдаи давлату миллати тоҷик маҳз нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургу меҳварӣ аст. Баргузории ин Иҷлосияи таърихӣ ва қарорҳои тақдирсози он дар бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори комили истиқлоли давлатӣ, рушди ниҳоди президентӣ ва гузариш ба шакли сохти низоми идоракунии президентӣ дар мамлакат заминаи воқеӣ гузошт. Иҷлосия ҳадафҳо ва самтҳои стратегии рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистонро муайян намуд.

Ҳарчанд истиқлоли воқеии сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳёи рукнҳои давлатдории ҳуқуқбунёд, таъмини сулҳу субот дар қаламрави Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон солҳои 90-уми садаи гузашта барои мардуми мамлакат ниҳоят мудҳишу гарон афтод, вале маҳз зуҳури раҳмонии фарзанди фарзонаи миллат, родмарди ҷавону матини арсаи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлатдории навину мустақил аз вартаи нестшавӣ раҳо гардид.

Пажуҳишгарони гузаштаву муосир тоҷиконро ҳанӯз аз замонҳои дури таърихӣ бо ваҳдатсолориву фарҳангпарварӣ ва бунёдкориву созандагӣ ёд менамоянд. Ҳамгироию ҳамзистӣ дар муҳити зисти солим дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи шартҳои асосии ҳамбастагии башарият будааст. Таҳаммулпазирӣ ва сулҳу ваҳдат дар тинати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо маҷрои равони мо сиришта шуда, дар ташаккули хулқу атвор, фарҳанг ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо нақши бунёдӣ доранд.

Ҳамин аст, ки чунин таҷрибаву фазои ваҳдатофарӣ заминаҳои таърихидоштаи миллати тоҷик дар шароити кунунӣ барои кулли аҳли башар ва мамолики ҷаҳон василаи зарурӣ ва муҳим дар роҳи эъмори сулҳ ва таҳкими он гардидааст. Дар ин раванд пешоҳанг будани ҷониби Тоҷикистон, хосатан ташаббускории Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда иқдоми шоиста ва инсонмеҳвару ваҳдатофар барои кулли сокинони сайёра маҳсуб мегардад.

«Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»

Тавре таъкид шуд, 24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар Мубоҳисаҳои умумии 79-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳон ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани ҷанги сард, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Ояндаи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба арзиши суботу оромии башарият, ҳамгироӣ ва ҳамкории судманди кишварҳои ҷаҳон ва муборизаву муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷалб намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳониро бо мақсади ҳифзи амну субот ва таъмини рушди устувор зарур шумурда, ба сарони давлатҳо муроҷиат намуданд, ки бо мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шаванд. Бояд таъкид намуд, ки масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дода, пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.

Пешниҳоди нави Президенти Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид заминаҳои саривақтӣ дар дарки масоили мубрами ҷомеа буда, бо ибрози андешаву пешниҳодҳои олимону донишомӯзони мамлакат роҳҳои беҳтар барои пешгирӣ ва мубориза бо чунин хатарҳо кумак хоҳад расонд. Ҳамин муҳаббату дилбастагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз чун роҳбари дилсӯз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо ном баровардаанд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки Тоҷикистон бо ин абармарди таърих имрӯз дар тамоми дунё маъмулу машҳур гардидааст. Зеро, Президенти Тоҷикистон пайваста дар форуму нишастҳои минтақавию ҷаҳонӣ тавассути пешниҳоду ташаббусҳои созанда дар ҳалли масоили мубрами сайёра нақши калидиро иҷро менамоянд.

Дар воқеъ, вазъияти ҷаҳон куллан дигаргун шуда, имкони аз нав тақсимбандии он вуҷуд дошта, дорои ғояҳои мутафовите аст, ки ҳар як бо дидгоҳи худ гардиши айёмро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ин ҳамаро Президенту мардуми Тоҷикистон бо эҷоди мактаби сулҳу созандагӣ сари вақт дарк карда, аҳли оламро аз он огаҳӣ медиҳанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ роҳҳои асосии бартараф кардани мушкилоти умумиҷаҳониро иброз дошта, муттаҳидии тамоми кишварҳои ҷаҳонро баҳри ҳамкории созандаву бисёрҷониба муҳим арзёбӣ намуданд. Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла иброз доштанд, ки «ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад».

Ҳамин тариқ, барои мубориза ва пешгирӣ аз хатарҳо ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбатӣ пешниҳоди нави роҳбари Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муҳим ва саривақтӣ ҳисобида мешавад. «Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем»,-иброз намуданд Пешвои миллат.

«Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ном гирифтани ин пешниҳод бори дигар далели он мебошад, ки тамоми талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба хотири ояндаи дурахшони насли наврасу ҷавон мебошад. Ин нуктаро Сарвари давлат низ пайваста хотирнишон намуда, таъкид месозанд, ки тамоми талошҳои мо ба хотири шумо, ҷавонону наврасон мебошад ва аз насли калонсол даъват ба амал меоранд, то Ватани азизамонро ободу зебо карда, барои наслҳои оянда як мамлакати пешрафтаву обод ба мерос гузорем.

Бо фараҳмандиву нишот метавон баён намуд, ки ин пешниҳод марҳилаи наверо дар самти таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ оғоз бахшида, барои муттаҳид намудани талошҳои алоҳидаи давлатҳо дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меорад. Ибтикори навбатии Пешвои миллат на фақат аз камолоти касбии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ, арбоби барҷастаи давлатӣ ва дипломати олимақоми сатҳи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад, балки мақом ва мартабаи Тоҷикистонро дар низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир ба маротиб боло бурда, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли сулҳовар муаррифӣ менамояд.