ТАШКИЛИ ЛАБОРАТОРИЯҲОИ ФАРМАТСЕВТӢ –ОМӮЗИШӢ

262

Дар тамоми давлатҳои мутамаддин ба соҳаи фарматсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони ҷавон дар омӯзиш ва таҳияи шакли дорувории ватанӣ ва илман асоснок намудани растаниҳои доругӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи дорусозӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, рушди истеҳсоли саноатии дору дар мамлакат метавонад, як ҷузъи муҳимми ҳадафи чоруми стратегии давлат гардад.

Ин нукта зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети фарматсевтии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда масъулин дастурҳои мушаххас гирифтанд.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки факултети фарматсевтӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои назаррас ва таъсиси гурӯҳҳои англисӣ имкониятҳои зиёдеро доро мебошад.

Ташкили лабораторияҳои омӯзишӣ ва клиникаҳои тиббӣ-таҷрибавӣ бо ҷалби олимону муҳаққиқон, инчунин, омода намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ вазифаи асосии мо мебошад.

Масъулини факултет, аз ҷумла мудирони кафедраҳо ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти факултет дар масъалаҳои гузаронидани дарсҳои кушод, дуруст ба роҳ мондани нақшаи таълимӣ, истифода намудани технологияи иттилоотию иртиботӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, сабти дарсҳои устодони собиқадор, ташвиқу тарғиби гурӯҳҳои русӣ – англисӣ, назорати ҷиддии раванди таҷрибаомӯзӣ дар пойгоҳҳо ва ғайра дастурҳои мушаххас гирифтанд.