ТАШКИЛИ ОЗМУНҲОИ ДОНИШГОҲӢ ВА ҲАМОИШҲОИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

156

Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ нисбат ба омӯзишу шарҳи ҳаматарафаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои гуногуни кишвар вохӯриву ҷаласаҳо, семинару конференсияҳо гузаронида шуда истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки паҳлуҳои гуногуни Паёми имсоларо ба қишрҳои гуногуни ҷомеа ба таври сода ва фаҳмо расонида шавад.

Бо ин мақсад имрӯз (09.01.2024) дар маҷлисгоҳи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷамъомад бо иштироки устодону кормандони факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва журналистика баргузор гардид. Сараввал, ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин ҳуҷҷати барномавиест, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дурнамои рушди босуботи ҶТ, масоили соҳаҳои гуногуни кишвар ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ шудаанд. Дар идома профессор Хушвахтзода Қ.Х. роҷеъ ба ҷанбаҳои иқтисодии Паём ва ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 суханронӣ намуда, саҳми устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМТ, хусусан ҳайати устодону кормандони факултетҳои болозикрро дар шарҳи Паём ва тарғиби Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 муҳим арзёбӣ намуданд.

Зимнан ректори донишгоҳ пешниҳод намуданд, ки дар партави Паёми Пешвои миллат, солгарди қонуни асосии кишвар – Конститутсия ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва журналистика озмунҳои донишгоҳӣ, ба монанди мақолаи беҳтарин дар робита ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, донишҷӯйи беҳтарин, журналисти ҳуқуқдон, тадқиқоти журналистӣ дар самти маърифати ҳуқуқӣ ва ҳамоишҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ, инчунин, бо ҷалби устодону кормандон ва донишҷўёни донишгоҳ барномаҳои рангини телевизионӣ ташкил карда шавад.

Дар робита ба пешниҳоди ректори донишгоҳ зумрае аз устодон низ суханронӣ намуда, амалӣ намудани иқдомҳои мазкурро дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамояд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзҳои наздик оид ба тартиби баргузории озмунҳо низомномаҳо таҳия ва расонаӣ мегардад.