
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф ба ҳайси яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи аввалиндараҷа дорад. Дар ин замина, ҳамкориҳои судманди илмӣ ва таълимии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои охир вусъати бештар касб намудаанд.
Дар доираи ин ҳамкориҳо имрӯз (28.15.2025) ҳайати чинӣ таҳти роҳбарии академики Академияи илмҳои иҷтимоии Чин, ноиб – президенти Академияи таърихи Чин Ли Готсян ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо намояндагони Донишгоҳ – муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И.Ғ., декани факултети таърих Муродов Н. ва ҳайати устодону профессорони факултети таърих вохӯрии судманд намуданд.
Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. дар оғоз меҳмононро ба вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ, низоми таълим, равобити ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва неруи илмии Донишгоҳ шинос намуд.
Академики Академияи илмҳои иҷтимоии Чин, ноиб – президенти Академияи таърихи Чин Ли Готсян дар навбати худ ҳадафи ташрифро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, дар омӯзиши самтҳои муҳимми таҳқиқоти таърихӣ дар Тоҷикистон ва баррасии имкониятҳои ҳамкории илмӣ бо марказҳо ва донишгоҳҳои таърихшиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин, омӯзиши махзанҳои таърихӣ ва ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва густариш бахшидани ҳамкориҳо дар ин самтҳо таклифҳо намуд.
Ҳадафи асосии мулоқот бо устодони факултети таърихро ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, мубодилаи таҷриба ва баррасии самтҳои муҳими омӯзиши таърих ва фарҳанги мардуми ду кишвар унвон намуданд.
Зимнан меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид ба амал оварда, бо маводи таърихию фарҳангии дар он маҳфузбуда шинос шуданд. Ҳамзамон меҳмонон аз шароиту имкониятҳои Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ дидан намуданд ва бо фаъолияти он аз наздик ошно гаштанд.