ТАШРИФИ ВАЗИРИ МАОРИФИ АФҒОНИСТОН

486

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати воломақоми ин кишвар ҷиҳати иштирок дар Конференсияи 9-уми вазирони кишварҳои “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд. Зимни сафар Вазири таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ғулом Аббос Басир ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқот ва дар самти рушд бахшидани муносибатҳои илмию эҷодӣ табодули афкор намуданд.

Меҳмони олиқадр – Ғулом Аббос Басирро дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Имомзода М. С., ректори ДМТ Хушвахтзода Қ.Х. ва зумрае аз роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ истиқбол намуданд.

Зимни ташриф меҳмонон аз «Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода», Маркази тестӣ, толори Шӯрои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат дар донишгоҳ боздид намуда, дар самти ҷалби устодону донишҷӯён ба тадқиқоти илмӣ ва ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ андешаҳои ҷолиб иброз доштанд.