Имрӯз (01.07.2022) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ вохӯрӣ анҷом дод.
Дар мулоқот самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта масъулин дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Ректори донишгоҳ бо тафсил дар самтҳои таълим, илм, равобити байналмилалӣ, тарбия ва хоҷагидории факултет суханронӣ намуда, иброз дошт, ки факултети ҳуқуқшиносӣ яке аз факултетҳои пешсафи донишгоҳ буда, дар самти анҷом додани корҳои назаррас имкониятҳои зиёдеро дорад. Таъсиси ихтисосҳои нав бо забонҳои хориҷӣ, кушодани шуроҳои нави диссертатсионии миллӣ аз рӯйи ихтисосҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ, таъсиси клиникаҳои ҳуқуқӣ ва ба воситои он ҷалби олимону муҳаққиқон ба корҳои илмию таълимӣ, инчунин, омода намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ин қабиланд.
Дар зимн гуфта шуд, ки масъулини факултет, аз ҷумла мудирони кафедраҳо ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти факултет дар масъалаҳои дарсшикании устодон, ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедраҳо, татбиқи фармоишҳои ректори донишгоҳ оид ба тақсимоти соатҳои дарсӣ, дуруст ба роҳ мондани фанни ҳуқуқ аз рӯйи самтҳои мухталиф, навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, интихоби дурусти мавзӯи корҳои курсию дипломӣ, назорати ҷиддии раванди таҷрибаомӯзӣ ва ғайра вазифадор мебошанд ва бояд аз пештара бештар масъулият эҳсос намоянд.