ТАСНИФОТИ МАНТИҚИИ ДОНИШУ ИЛМ ВА ПЕШРАФТИ НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

117

Дар робита ба амалишавии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба даст овардани натиҷаҳои назарраси илму истеҳсолот ва иҷрои Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 бо дастур ва мусоидати ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ҷиҳати боло бурдани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандону омӯзгорон чорабиниҳои илмӣ-методӣ гузаронида мешавад.

Имрӯз (21.05.2024) бо ин мақсад дар толори калони Донишгоҳ семинари илмӣ – методӣ дар мавзуи “Таснифоти системавии дониш ва илм” баргузор гардид. Дар мавзуи мазкур доктори илмҳои фалсафа профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Маркази антропологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Музаффарӣ суханронӣ намуд.

Дар семинар роҳбарият, устодону кормандон ва муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлоли баланд бардоштани савияи дониш ва рушди илм, дар умум низоми маорифи кишвар, зери таваҷҷуҳи вижаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба вижа Пешвои муаззами миллат қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, баррасии мавзуи “Таснифоти системавии дониш ва илм” яке аз самтҳои муҳимми низоми соҳа ба ҳисоб рафта, татбиқи он дар рушди илму таълим ва ҷанбаҳои дигари фаъолияти соҳа мусоидат менамояд.

“Таснифоти илм гуфта, самти муайяни омӯзиш ва таҳқиқоти илмиеро меноманд, ки илмҳои табиатшиносиву гуманитарӣ ва иҷтимоиву технологӣ дуруст ва бо усулҳои мантиқӣ тақсимбандӣ шуда бошанд. Дар чунин тақсимбандӣ сарҳади муайяни дониш ва илм тасвир шуда бошад.

Таснифоти мантиқии дониш ва илм асоси таҳқиқоти илмӣ ва таълиму тарбияро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, таснифоти дониш ва илм асоси фаҳмиши дурусти илмҳои табиатшиносиву гуманитарӣ ва иҷтимоию техникиро ташкил медиҳад”- гуфта шуд дар семинар.

Дар семинар таъкид шуд, ки ҳангоми дуруст ва ҳаматарафа омӯхтани илмҳои табиатшиносиву гуманитарӣ ва иҷтимоӣ таҳкурсӣ дар ҷодаи ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмӣ бунёд мегардад. Тақозои замон аст, ки мо таснифоти дониш ва илмиро бо усули муосир ба роҳ монем ва дар роҳи тибқи он роҳҳои муосири корбариро ҷорӣ намоем.

Дар идомаи семинар профессор Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ба тавсил дар робита ба таснифоти дониш ва илм дар замони муосир, ки устод яке аз олимони муваффақ дар ин самт дониста мешавад, чандин пешниҳод ва тавсияҳои судманд доданд.