ТАВАҶҶУҲ БА РАСТАНИҲОИ ДОРУГӢ БЕШТАР МЕГАРДАД…

456

Олами набототро набояд тамомшуда ҳисобид, зеро дар айни замон қисми нисбатан ками растаниҳои дар флораи Тоҷикистон рӯянда, яъне аз 4500 намуди растаниҳои олӣ, тақрибан 1500 намуди онҳо доругӣ буда, аз ин 30 фоизи онҳо аз ҷониби олимони ватанӣ ва хориҷӣ омӯхта шудааст.

Ин нукта имрӯз (30.11.2022) зимни конференсияи ҷумҳуриявии илмию –амалӣ, ки таҳти унвони «Флораи Тоҷикистон – сарчашмаи таҳия ва татбиқи маводи доруворӣ» бо ибтикор ва ташаббуси факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир шуд, баён гардид. Дар оғоз меҳмонон аз дастовардҳои илмию таълимии факултет ва ташкилотҳои ҳамкор боздид намуданд.

Зимни ифтитоҳи конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. аҳамияти баргузории чунин як конференсияи сатҳи баландро барои соҳаи фарматсевтӣ муҳим арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки ихтисоси фарматсия яке аз ихтисосҳои калидӣ ҳисобида шуда, дар тамоми давлатҳои мутамаддин мавқеъи хоса дорад.

Ин аст, ки бо дарназардошти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Вобаста ба ин, омӯзиш, таҳияи шакли дорувории ватанӣ ва илман асоснок намудани растаниҳои доругии флораи Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи дорусозӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, рушди истеҳсоли саноатии дору дар мамлакат метавонад, як ҷузъи муҳими ҳадафи чоруми стратегии давлати мо шавад.

Сипас декани факултет, дотсент Фаридуни Кишвари Раҷабзода зимни баромади худ зикр намуд, ки ҳамасола бозори ҷаҳонии дору ба миқдори 8-10 % афзоиш меёбад. Дар даҳсолаҳои охир нақши тиҷорати дору дар иқтисоди бисёре аз давлатҳо бо фурӯши нафту дигар канданиҳои фоиданок муқоисашаванда гардидааст. Аз ин рӯ, талаботи бозори меҳнат нисбат ба мутахассиси фарматсевтӣ дар муқоиса бо дигар ихтисосҳо ба маротиб бештар аст.

Ҳамзамон, дар конференсия намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази илмию – тадқиқотии фарматсевтӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Гедеон Рихтер»-и Венгрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи фармакологии клиникии Донишкадаи давлатии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва устодону унвонҷӯёни факултети фарматсевтии донишгоҳ, ҳамзамон, муқақққон аз сохторҳои илмӣ-пажӯҳишӣ тариқи маҷозӣ иштирок ва маърӯза намуданд.

Дар конференсия таъкид гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии соҳаи фарматсевтӣ, пеш аз ҳама, зина ба зина ба роҳ мондани коркарди маводи дорувории навъи ватанӣ на танҳо синтетикӣ, балки аз растаниҳо ҳосилшудаи рақобатпазир ва ивазкунандаи маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамоиш бо суолу ҷавоб ва пешниҳоду мулоҳизаҳо ба анҷом расид.