ТАВАҶҶУҲИ ВИЖА БА ОБОДКОРИҲО

607

 Имконияти хуб барои устодон Роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ таҳти роҳнамоии ректори муҳтарами донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар самти тозаю озода намудани биноҳои таълимию маишӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир намудааст.

 Тайи рӯзҳои охир бо истифода аз ҳавои мусоид корҳои таъмиру тармим ва шанбегиҳои умумидонишгоҳӣ ба роҳ монда, дар ин самт татбирҳои муҳиммеро амалӣ менамояд. Яке аз иқдомҳои назарраси роҳбарият ин таъмиру тармими хобгоҳҳои донишгоҳ, аз ҷумла хобгоҳи №1 донишгоҳ мебошад, ки ҷиҳати таъмини кормандону устодон ба ҷойи истиқомат роҳандозӣ шудааст. Имрӯзҳо дар самти беҳтару хубтар намудани шарту шароити хобгоҳи мазкур аз ҷониби мутахассисон ва мутасадиён корҳои назаррас ба сомон расонида мешавад.

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик хобгоҳи мазкур пурра аз таъмир бароварда шуда, ба устодону кормандон ҳамчун хонаи истиқоматӣ супорида мешавад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар хобгоҳ барои устодону кормандон шароити мусоид дар сатҳи баланд ва бо сифати олӣ корбаст шуда истодааст.