ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

454

Имрӯз (31.10.2023) дар толори шурои олимони ДМТ вохӯри устодону донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, химия ва фарматсевтӣ бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар самти татбиқи “Стратегия муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни соли 2021, №187) баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзодда Шерафган, полковники раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ Шарифзода Исҳоқ Иброҳим, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асламзод Фарҳод, намояндаи Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну мавросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷилахонзода Раҷабалӣ, намояндаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Рауфи Абдурауф, раиси ташкилоти ҷаъмиятии муқовимат бо коррупсия ва экстремизм Назаров Мирали Холович ва мушовир-ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқи Акбарова Зулхумор Мухитдиновна иштирок ва суханронӣ намуданд.

Расмҳо аз ҷараёни вохӯрии мазкур.