ҲУҚУҚШИНОСОНИ ҶАВОН БА ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАРДИДАНД

506

Омода кардани мутахассисони лаёқатманд ва рақобатпазири талаботи бозори меҳнат яке аз масъалаҳои меҳварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст ва ҷовонони ватандӯстӣ кишварро мебояд, ки аз ин шароитҳо самаранок истифода намоянд.

Имрӯз (12.05.2023) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён миёни хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақсимоти хатмкунандагон ба ҷойи кор баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. меҳмононро барои пазируфтани даъват ба ДМТ изҳори сипос намуда, оид ба имкониятҳои илмию таълимии факултет ва дар умум ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ суханронӣ намуд.

Сипас тибқи талаботи муқарраргардида хатмкунандагони факултет, ки донандаи забонҳои гуногуни хориҷӣ ва номзад ба гирифтани дипломи аъло ва муқаррарӣ мебошанд, ба ҳозирин муаррифӣ гардида, барои ба кор ҷалб шудани онҳо дар мақомоти гуногуни давлатӣ роҳхат дода шуд. Дар ҷамъомад ниҳодҳои гуногуни кишвар, аз қабили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Конститутсионии ҶТ, Прокуратураи Генералии ҶТ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва райпурсӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷроияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, ҶСК “Ориёнбонк”, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Академияи ВКД, Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Зикр карда шуд, ки соли ҷорӣ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 718 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона аз рӯйи 7 ихтисос (ҳуқуқшиноси умумӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, санҷиши судӣ, танзими ҳуқуқии молия ва қарз, ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ) хатм менамоянд, ки аз ин шумора 325 нафарро донишҷӯёни дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 393 нафарро донишҷӯёни дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсилкунанда ташкил медиҳанд.

 Дар охир дар самти ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон ва рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ андешаҳои судманд сурат гирифт.