УСТОД АЙНӢ ВА РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТОҶИК

312

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 15-уми апрел бахшида ба мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ чорабиниҳои гуногунсатҳ дар сохторҳои илмию таълимӣ баргузор мешавад. Имрӯз (20.04.2024) бахшида ба 146 солагии устод Айнӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ҳамоишҳои илмию назариявӣ дар мавзуи «Садриддин Айнӣ – мубаллиғи фарҳанг ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид.

Дар ҳамоишнамояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагон, муассисаҳои олӣ ва шабакаҳои телевизиониву радиоии кишвар ширкат доштанд.

Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки устод Айнӣ дар тамоми асарҳояш номи тоҷик ва ҳувияти миллии тоҷиконро махсус таъкид мекард. Зикр гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои устод Садриддин Айнӣ бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Инчунин, дар маросими ифтитоҳи боғи навбунёди Айнӣ Сарвари давлат изҳор доштанд: «Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт».

Гуфта шуд, ки роҳандозии ин гуна ҳамоишу конфронсҳо дар айнишиносӣ як қадами ҷиддӣ буда, дар баробари боз гардидани паҳлуҳои то ҳол норавшани шахсияту осори устод Айнӣ дар худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ низ нақши муҳим дорад.

Меҳмонон Ҷӯразода Ҷамшед – муовини якуми Вазири маориф ва илм ва Давлат Сафар – муовини Вазири фарҳанг аз паҳлуҳои гуногуни корномаи устод С.Айнӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки сарнавишти фарзандони асил бо тақдири таърихи халқи худ зич вобаста буда, дар корномаи онҳо саҳифаҳои заррини мубориза ва зиндагии мардум инъикос ёфтаанд. Чи дар замони гузашта ва чи дар шароити ҳозира ривоҷи маънавӣ, бахусус инкишофи тамаддун, илму фарҳанг, адабиёту санъат бидуни фаъолиятмандии ашхоси бузурги таърихӣ тасаввурнопазир мебошад. Бинобар ин, таҳқиқ ва интишори осори фарзандони буруманди ниёгон ва муосирон амрест таъхирнопазир. Дар ҳамин радиф яке аз сарсупурдагони миллати тоҷик Садриддин Айнӣ аст, ки ба туфайли заковати фитрӣ ва фаъолиятмандии иҷтимоӣ инқилоби фитрӣ ба вуҷуд оварда, асари ӯ “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки мақоми шиносномаи миллатро дорад, барои худогоҳию худшиносӣ ва такомули маърифати наслҳои оянда арзиши бузургро молик мебошад.

Гуфта шуд, ки осори устод Айнӣ баҳри беканореро мемонад, ки барои як силсила улуми инсонгароӣ–фалсафаи иҷтимоӣ, таъриху этнография, адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ, мардумшиносӣ, фарҳангпажӯҳишӣ ва ғайра мавод барои таҳқиқ фароҳам меорад, яъне онро осори энсиклопедӣ гуфтан ҷоиз аст.

Дар нишасти мазкур аз ҷониби донишмандону муҳаққиқон мавзӯю масъалаҳои дигари ба шахсияту осори устод С.Айнӣ иртибот дошта гуфтаву шунида шуд, ки воқеан дар шинохти марҳилаи нави айнишиносӣ хеле муҳим мебошад. Суханронии узви вобастаи АМИТ Кӯчарзода Аламхон дар мавзӯи “Андешаҳои дунявӣ дар “Ёддоштҳо”-и С.Айнӣ”, профессори кафедраи матбуоти факултети журналистика Мурод Муродӣ дар мавзӯи “Доир ба баъзе вижагиҳои публитсистии устод Айнӣ”, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих Асрориён Ҷонибек дар мавзӯи “Садриддин Айнӣ – бунёдгузори ҷараёни худшиносии миллӣ” ва дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика Ализода Абдурашид қироати шеърҳо аз осори Айнӣ аз ин қабил буданд.

Ёдрас мешавем, ки ин ҳамоиш дар масъалаи омӯзиши мероси илмию адабӣ ва публитсистии устод Айнӣ, тарғибу ташвиқи осори устод Айнӣ ва як иқдоми ниҳоят лозимаву пураҳаммият дар марҳалаи кунунии шинохти шахсияти устод Айнӣ ва маърифати осори ӯ, ҳамзамон, баланд бардоштани ҳисси фарҳанги миллию худшиносии ҷавонон мебошад.