Ҳамасола рўзи 27-уми июн рўзи Ваҳдати миллӣ қайд карда мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 1997 ба хотири тинҷию оромӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони гурўҳҳои мухолифин ҳуҷҷати расмии мусолиҳаи миллӣ ба имзо расид. Ҷонибҳо уҳдадор шуданд, ки баҳри тинҷию оромӣ ва ягонагии миллӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшанд ва якҷоя паси барқароркунии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки он вақтҳо қариб пурра хароб гашта буд, камар банданд. Зеро бе Ваҳдати миллӣ миллати тоҷикро сарҷамъ намудан, амнияти миллиро пойдор намудан, пояи давлатро мустаҳкам намудан, соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриро барқарор намудан, муаррифӣ намудании миллати тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ ғайри имкон буд.Пеш аз ҳама насли ҷавони ҷумҳурӣ бояд хуб дарк намояд, ки мусолиҳаи миллӣ бо чигуна душвориҳо ба даст омадааст? Мардуми тоҷик дар кадом вазъияти иқтисодӣ қарор дошт? Вазъи сиёсии ҷумҳурӣ чӣ гуна буд?
Давлатҳои хориҷӣ нисбати ояндаи миллати тоҷик чигуна ақидаҳо доштанд? Рў ба рў нишаста бо роҳбарони гурўҳҳои мухолифин ҳал намудани тақдири ояндаи миллат ба роҳбарони ҷумҳурӣ чӣ мушкилиҳо ба миён оварда буд? Ҷолиби диққат аст, ки ба имзо расидани мусолиҳаи миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони гурӯҳҳои мухолифин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мусбӣ арзёбӣ карда шуд. Намояндагони аксар давлатҳои хориҷӣ борҳо қайд намуданд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳон намуна ва ягона аст. Чунин таҷрибаи сулҳу Ваҳдати миллӣ дар давлатҳои дигаре, ки ба монанди Тоҷикистон дар онҳо ҷанги шаҳрвандӣ сарзада буд, дида намешуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин давлатҳои ба чунин вазъият гирифтор шуда тавсия медоданд, ки онҳо метавонанд аз таҷриба сулҳи тоҷикон истифода намоянд. Ин аҳамияти байналмиллалии таҷрибаи Сулҳу Ваҳдати миллати тоҷик буд.
Пас аз ба имзо расидани мусолиҳаи миллӣ, дере нагузашта, намояндагони Ҳукумат бо роҳбарони гуруҳҳои мухолифин забон як карда, оташбас эълон намуда, баҳри сулҳу оромӣ ва осоиштагии миллати тоҷик камар бастанд.
Аз рўзи ба имзо расидани Ваҳдати муллӣ зиёда аз 25 сол сипарӣ шудааст. Дар ин давра миллати тоҷик тавонист дар байни ҷомеаи ҷаҳони ягонагии худро нишон диҳад, муносибатҳои дипломатӣ бо аксар давлатҳои ҷаҳонро ба роҳ монад, фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро ба роҳ монда, иқтисоди кишварро пеш барад.
Дар барқароршавии сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми бевоситаи Президенти кишвар, пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят калон аст. Шукрона аз он мекунем, ки чунин шахси кордону миллатдуст насиби халқи тоҷик гаштааст. Ба мушкилиҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар нигоҳ накарда, баҳри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ заҳматҳои зиёде кардааст. Ба ёд меорем он суханҳое, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 16-уми октябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик- Иҷлосияи XVI- уми Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Арбоб ба мардуми тоҷик муроҷиат карда гуфта буд-“Ман ба мардуми Тоҷикистон сулҳ меорам”. Маҳз пас аз баргузории ҳамин иҷлосия, бо роҳбарии шахси хирадманду дурандеш, Эмомалӣ Раҳмон корҳо оиди барқароркунии сулҳу Ваҳдати миллӣ оғоз гардиданд. Қариб тамоми гурезаҳои тоҷик, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба давлатҳои ҳамсояи мо Афгонистону Узбекистон фирор карда буданд, ба Ватан баргардонда шуданд, Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд, гуфтушунидҳои зиёде байни роҳбарони гуруҳҳои мухолифин ва Ҳукумати Тоҷикистон баргузор карда шуд, фаъолияти қариб тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба роҳ монда шуд, Артиши миллӣ таъсис дода шуда, бо лавозимотҳои ҳарбӣ таъмин карда шуд. Дар муддати панҷ сол –солҳои 1992-1997 дар натиҷаи заҳматҳои шабонарузии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина барои барқароркунии Сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳайё карда шуда, муяссар гашт, ки байни гурўҳҳои мухолифин ва Ҳукумати Тоҷикистон мусолиҳаи миллӣ ба имзо расонида шавад. Асосгузор ва пешбарандаи ҳамаи ин муваффақиятҳо дар барқароршавии сулҳу ваҳдати миллӣ маҳз Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Барқароршавии сулҳу ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин лиҳоз ҳар як фарди ҷумҳуриро зарур аст, ки ба қадри Сулҳу Ваҳдати миллӣ расанд, онро ҳифз намоянд ва баҳри пойдории он ҳамеша кўшиш ба харҷ диҳанд. Барои пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама зарур аст, ки насли ҷавон, ки ояндасози миллат, омода бошанд. Ҷавонон дар пайи илмомўзӣ бошанд, касбҳои хубро аз худ намоянд, дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварамон ҳамеша саҳмгузор бошанд. Ҷавонон дар рўҳияи созандагию ободкорӣ, зиракии сиёсӣ, ватандустию ҳисси миллӣ доштан тарбия карда шаванд. Кўшиш ба харҷ додан лозим аст, ки ҷавонон зери фанду фиреби хоҷаҳои хориҷӣ нагарданд. Зиёдшавии теъдоди ҷавононе, ки бо хоҳиши худашон барои ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ворид шуда, хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварданианд, худ исботи баландшавии рўҳияи ватандустии онҳо буда, сазовори аҳсану офаринҳо мебошад. Маҳз хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ зиракии сиёсии ҷавононро баланд карда, ҳисси ватандустии онҳоро баланд мегардонад.
Бигзор, сулҳу ваҳдати миллӣ, ки бо заҳматҳои зиёд ба даст омадааст, ҳамеша пойдор бошад, мардуми тоҷик доимо сиҳату сарбаланд бошанд ва ҳар яки онҳо дар ягонагии мардуми тоҷик саҳмгузор бошанд.
Қ.М. Шеров, номзади илмҳои химия,дотсенти кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи ДМТ