ВАҲДАТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ

67

Неъмати бебаҳо
Маълумотҳо дар бораи ҷанги дохилии мо як андоза возеҳанд. Қариб 200 ҳазор нафар қурбон гардид ва даҳҳо миллиард доллар зарари моддӣ расид. Зарари маънавияш беҳисоб! Ҳазорон хонаву дар сӯхтаву молу маноли мардум ва давлат ба яѓмо бурда шуданд.  Миллионҳо нафар ҳамватанон тарки ватан карданд. Заводу фабрикаҳо аз кор монданд, талаву тороҷ гардиданд ва низоми иқтисодиву иҷтимоӣ пурра аз байн рафт. Дар бонк як пули пучак намонд. Ҳамаро аз сифр бояд оғоз кард! Ин буд натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ!
Сулҳу ваҳдат неъматест, ки арзишу андозаи қимати онро муайян кардан имкон надорад. Имрӯз сулҳу ваҳдат аст, ки ҳақиқати он солҳо бароямон афсонагунаанд. Ин неъматҳо бебаҳоанд. Миллате ки сулҳу ваҳдату ҳамгироӣ надорад, дур аз саодат мебошаду гирифтори фоҷиа аст. Набудани сулҳ ин ноумедӣ ва зинда будан дар гӯр аст. Ба чизе бовар надоштан ва тира будани тамоми саҳифаҳои зиндагӣ ин адами сулҳ аст. Онҳое ки мухолифатҳои солҳои навадумро шоҳиданд, арзиши сулҳ, ваҳдат ва дӯстиро беҳтар медонанд. Набудани сулҳ ин авҷи ҷангу хунрезӣ, хонаву дари сӯхта ва шаҳру деҳи валангор аст. Набудани сулҳ ин муҳоҷирату сарсониҳо дар мулкҳои бегона аст, ки барои наҷот  гурӯҳеву қавмеву миллате хонаву дари худро партофта, дар мулки бегона миннатшунав мегарданд. Даҳҳо ҳазор ҳамватанони мо дар оѓози солҳои навадум ба Афѓонистони зулмдидаву ҷангзада кӯч бастанд, хориву зорӣ диданд ва қисме ба марги ѓарибӣ гирифтор шуданд. Набудани сулҳ ин нодорӣ, қашшоқӣ ва гуруснагиву тангдастӣ аст. Мардуми тоҷик дар солҳои навадум дар навбатпоиҳои нон ҷон медод. Сабусу кунҷорахӯрӣ ва истеъмоли ҷувориву дигар зироатҳои заҳролудро халқи тоҷик аз сар гузаронид. Ин ҳама касофатии ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ буд. Танҳо дар ҳамин қиёсҳо метавон арзиши сулҳу ваҳдатро муайян кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдат дар сабтҳои таърихӣ
Мақоле ҳаст, ки агар дар як хона чанд хоҷа бошад, меҳмон гурусна мемонад. Тоҷикистони оѓози солҳои навдум ҳамин аҳволро дошт. Ҳама хоҷа буду худро масъул меҳисобид. Роҳбарони ҷумҳурӣ булҳавасона зуд-зуд иваз мешуданд. Аммо коре карда наметавонистанд ва аз мақом аксаран тарсуёна дур мешуданд.  Касе ба оянда бовар надошт ва давлатро аллакай пароканда меҳисобиданд. Эмомалӣ Раҳмон мардонавор масъулиятро ба душ гирифт. Дар муқобили маҷроҳои хатару нобудӣ истодагарӣ кард. Таҳлилҳову муқоисаҳо баъзе натиҷаҳои бебаҳсро ба миён меоранд. Ин марди матину қаҳрамон ҳар ваъдае, ки барои халқи худ кардааст, иҷро намуд. Биёед шоҳидони аҳвол суханони дар соли 1992 гуфтаи ӯро ба ёд орем: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Сулҳро аз будаш бештар овард. Дигар ваъдаҳояшоро ҳам иҷро кард: фирориёни ҷанги шаҳрвандиро аз мулкҳои бегона гардонида овард, халқро аз гуруснагӣ наҷот дод, заминро ба халқ дод, шароити зиндагиро мусоид кард, амниятро таъмин намуд ва ѓайраву ѓайра. Корнамоиву қаҳрамонии Эмомалӣ Раҳмон аллакай дар саҳифаҳои заррини таърих сабт ёфтаанд. Таърихро таҳриф кардан душвор мебошад ва дар бораи корнамоиҳои ин абармард даҳҳо асарҳои таърихӣ иншо шудаанд.
Дар ин самт ҳукм ва андешаҳои таърихшинос, публитсист, профессор И. Усмонов, ки замоне бо Роҳбари давлат якҷо кор кардаасту дар раванди сулҳофарӣ дар кори КОМ иштирок намудааст, асоснокии фикрҳои моро аз аксар паҳлуҳо меафзояд. Мавсуф шоҳиди бевоситае мебошад, ки хулосаву таҳлилҳои амиқу асоснок дорад. Дар китоби худ бо номи «Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон» (Душанбе, 2016.- 671 с.) мегӯяд: «…Замони Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов. Аввалан чаро Сардори давлатро на бо номи имрӯзаашон ёд кардам. Танҳо барои он ки мақола перомуни он давраи таърихист, ки ному насабашон чунин буд. Таърих дақиқият мехоҳад. Ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва сонитар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Э.Ш.Раҳмонов тавре рӯзгори таҳқиқшаванда далолат медиҳад, ҳодисаи муҳим ва муайянкунандаи сарнавишти халқи тоҷик будааст: софдилӣ, мардумгароӣ, сулҳталабӣ, пойдорӣ дар суроѓи сулҳ, тоқат ба тахқирҳо, хорию носозгӯиҳо, ки дар даҳсолаи охири қарни XX мардум дар ӯ  шинохтаанд, Тоҷикистонро аз шикасту вайронӣ, Тоҷикистонро аз гурезагию парешонӣ, халқро аз яъсу ноумедӣ наҷот дод. Вақте ӯ ба қудрат омад, агар гӯем, ки қудрат набуд, хато намешавад, вақте ӯ ба мардум нон доданаш лозим шуд, гӯем, ки худаш нони хӯрданӣ надошт, хато намешавад, вақте ӯ сулҳ оварданӣ шуд, гӯем ки ҷони худаш дар хатар буд, хато намешавад. Тоҷикистон ва халқи тоҷик аз ҳамаи ин хатарҳо раҳонда шуд» (саҳ.264).
Феълан дар бораи механизми сулҳсозии тоҷикон дар дохилу хориҷи кишвар бисёр мепурсанду менависанд. Тавре аз иқтибоси боло хулоса кардан мумкин аст, таркиби ин механизмро аз оѓоз то анҷом халқияту софдилӣ, мардумгароиву сулҳталабӣ, пойдориву таҳаммул, некиву хайрхоҳӣ ва кордониву бунёдкории ин абармард ташкил медиҳад. Ин ҳукмро аллакай таърих собит сохтааст.
Ваҳдат – беҳтарин идеология
Ваҳдат ва истиқлолият барои халқи тоҷик вожаҳои ҳамсонанд. Мункир наметавон гашт, ки истиқлолият на танҳо барои тоҷикон, балки барои ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС низ худрӯву туҳфаи тақдир буд. Барои халқи тоҷик истиқлолият осон ба даст омад, вале нотавонбинону ҳасудон нестии онро мехостанду бақои онро хатарнок карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои сари қудрат омаданаш, ваҳдатро ҷавҳари фаъолияти давлатдорӣ қарор дод. Мавсуф кори Айниву Ѓафуров барин шахсиятҳоро давом дод, ки ба маротиб масъулияти даҳчанд дошт. Айнӣ барои худшиносии тоҷикон заҳматҳо мекашид, то ки мавҷудияти тоҷик инкор нагардад. Б. Ѓафуров китоби «Тоҷикон»-ро ҳуҷҷати тоҷикон гардонид. Эмомалӣ Раҳмон бошад давлатро аз шикаст ва ин халқи ҷафодидаро аз оташи ҷанг раҳониду истиқлолияти миллатро нигоҳ дошта тавонист. Ваҳдат ба сифати идеология табдил ёфт, ки ин тақозои рӯз аст. Ваҳдат барои давлатҳои хурду бузург ҳамеша омили тақдирсозу таҳкимбахши пойдориҳост. М.Гандӣ (Ҳиндустон), Шарл де Гол (Фаронса), Франклин (ИМА), М. Дун (Чин), М.Камол (Туркия), М.Ҷиноҳ (Покистон) ва ѓайра дар заминаи ваҳдат давлатсозӣ кардаанд. Имрӯз мебинем, ки бузургтарин абарқудрати ҷаҳонӣ ҳам, қатъи назар аз дороиву сарватҳои беҳудуд аз набудани ваҳдати милливу дохилӣ ба ларза меоянд (ҳаводиси охири ИМА). Равандҳои ҷаҳонишавии имрӯза хеле мураккаб аст ва манфиатхоҳон бо роҳҳои гуногун дар фано сохтани халқияту миллатҳо нақш мегузоранд. Ин раванди хеле ноаёну мармуз аз рӯи шиори маъмулии «тафриқа андозу ҳукмронӣ намо» сиёсати ҳарисонаи ҷаҳонхоҳонро амалӣ мегардонад. Пас, ҳам дар гузаштаи наздик, ҳам дар шароити имрӯза ва ҳам барои оянда, ваҳдат беҳтарин иделогияи давлатдории мо хоҳад буд.
Сулҳу ваҳдат ҳимоят мехоҳад
Ҳифзу бақои сулҳ дар навбати аввал донистани даҳшату ногувориҳои ба сари миллати тоҷик омада мебошад. Ин андеша борҳо гуфта шудааст ва боз бо таъкид ҷонибдори онем дар низоми таълими макотиби миёнаву олӣ дар махсуси «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» ба роҳ гузошта шавад. Албатта, сокинони кишвар, ки синну соли бузургтар доранд, қадру манзалат ва арзиши сулҳу ваҳдати тоҷиконро медонанд. Аммо насли ҷавону наврас бояд аз омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва роҳҳои ба даст овардани сулҳ огаҳ бошанд. Ин омил яке аз ҷузъҳои муҳимми худшиносии миллии замони истиқлол аст. Дар ин роҳ то андозае аз хидматҳои телевизиони Тоҷикистон таъкид метавон кард, ки дар ин шабу рӯзҳои ҳассос филмҳои махсуси мустанадро доир ба таърихи ҷангу раванди сулҳсозӣ пешниҳод менамояд. Аммо ин маҳдуду ночиз аст. Имрӯз макотиб ба компютерҳо муҷаҳҳазанд. Бигзор тариқи видеопроекторҳо дар доираи барномаҳои таълимӣ наворҳову сабтҳои муҳимми таърихӣ иҷборан пешниҳоди наврасону ҷавонон гардонида шаванд. Ба он ваҷҳ иҷборан мегӯем, ки имрӯз интихоб васеъ гардидааст ва барои хонандаи ҷавонро аз техникаи замонавӣ, интернету шабакаҳои иҷтимоии афзун ба тамошои телевизиону китоб хондан дар китобхонаҳо баргардонидан саъйи беандоза зарур аст. Яъне, хонандаи ҷавон бояд саҳифаҳои тору печидаи таърихи давлатдории солҳои навадум ва ба сулҳу ваҳдат расиданро бо чашми сар бубинад ва дарк кунад. Танҳо телевизион ба ин қодир аст.
Файзи ваҳдат
Ҳар чизе ки халқи тоҷик давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, аз файзи ваҳдату дӯстӣ мебошад. Халқи тоҷик бо хираду кордонии Пешвои худ бо татбиқи барномаҳои бузург ба пеш қадамҳои устувор мегузорад. Сахттарин мушкилот рафъ гардид ва ҷои пӯшида нест, ки  мушкилиҳо имрӯз ҳам ҳастанд. Аммо ҳама ноҳамвориҳои роҳҳои рушд суфта гашта истодаанд. Се ҳадафи стратегии бузург амалӣ гардид. Имрӯз халқи тоҷик дар роҳи инкишофи худ ҳадафи стратегии чорум – саноатикунонии кишварро амалӣ кардан мехоҳад. Ҳанӯз аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта намехостанд, ки НОБ-и Роѓун бунёд гардад. Алораѓми монеаҳо ду агрегати ин неругоҳ ба кор даромад ва халқи тоҷик дар назди дӯстону душманон сарбаландии худро нишон дода тавонист. Масъалагузорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар мавриди мушкилоти об дар ҷаҳон кишвари моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.  Дар ин муддати хеле кӯтоҳ муваффақу комёб будани халқи тоҷикро ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид гардид, иқрор гашт ва аҳсан гуфт. Зеро кишвару давлатҳое ҳастанд, ки даҳсолаҳо боз муноқишаҳои дохиливу мухолифатҳои худро ҳал карда натавонистаанд. Аз таҷрибаи сулҳи мо сабақ гирифтан мехоҳанд. Аз тамоми ҷаҳон бо файзи ин сулҳу ваҳдат ба кишвари мо меҳмонон меоянд. Ба тасмимҳои бузурги халқи тоҷик дар арсаҳои байналхалқӣ бовару эътимод доранд. Душанбеи тоҷикон бо муҳиту фазои созгор мизбони бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ гардидааст.
Ҳумои сулҳ
         Дар бораи хосиятҳои сиёсати минтақавӣ (геополитика) сиёсатшиносону муҳаққиқон хеле зиёд таълифоти илмӣ анҷом додаанд. Танҳо як нуқта мавриди таъкид аст, ки дар асри нав сиёсатҳои геополитикӣ дар шаклу сифати наву ноаён ҷаҳонро таҳти таъсири амиқ қарор додааанд. Осиёи Марказӣ чанд садсола боз барои абарқудратону хоҷагони алоҳидаи хориҷӣ нуқтаи муҳимми геополитикӣ ба ҳисоб меравад. Бо сиёсатҳои таҳмилӣ мехоҳанд, ки дар ин минтақа оташи мухолифату низоъро афрӯхта нигоҳ доранд. Дар ин роҳ онҳо аз демократия чун ниқоб истифода мекунанд. Фарҳанг, дин, эътиқоду оинро сиёсӣ месозанд. Ба ин ҳадафу нишони худ солҳои навадум Тоҷикистонро ба нуқтаи даргир табдил додан мехостанд. Шукрона, ки бо «раҳми Парвардигор», идроки халқ ва заковати хиради ҳамватанон ин оташ хомӯш гардид. Вале дар ҳар лаҳза ба болои ин мардум Президенти мамлакат чун Ҳумои сулҳ сояпардоз мегашт. Дигар мардум муътақид аст, ки ӯ Президенти сулҳ дорад. Хоҳ дар сарҳад хоҳ дар як кунҷи кишвар хавфи низоъ ба миён ояд, қадами мубораки Президент ин низоъро ба ҳам мерезад, ки доим шоҳидаш будем.  Бо ин ҳама, ибораи «ҳушёрии сиёсӣ», ки доимо аз забони Пешвои миллат садо медиҳад, моро водор месозад, ки аз гузашта сабақ гирифта, имрӯзро таҳлилу ташхис карда, ояндаро дида тавониста бошем. Хавф ҳанӯз боқист. Сиёсатҳои мақсадноки берунӣ чун уқоби тезчанголи ҳарис сайди хуфтаву нотавону ѓофилро ҷустуҷӯ дорад. Хуб аст, ки халқи тоҷик акнун огаҳ аст ва намегузорад, ки дуюмбора бехонумону дарбадар гардад, хуни ҳаммилат рехта шавад, ҳастии миллатро зери хатар боқӣ гузорад.
Бо ин ҳама халқи тоҷик некбину некхоҳ аст ва дӯстонаву аҳлона ҳаёт ба сар бурдан мехоҳад. Ҷангро паси сар кард ва бо Иди Ваҳдат зиндагӣ дорад. Зинда бод ваҳдату истиқлолияти тоҷикон!
Қобилҷон Хушвахтзода, ректори ДМТ
Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистика
Бахтиёри Қутбиддин, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ

То он даме, ки худшиносии таърихии миллат, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар як фард, яъне шурӯъ аз коргару дехқони одӣ то раиси ҷумҳур пайдо нагардад, то он даме, ки манфиати миллӣ ба ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ нагардад, то он даме, ки обрӯю эътибори ҳар як шаҳрванд аз хизмат ба Ватан ва миллат муайян нагардад, давлати сохибихтиёрро бо тамоми ҷузъиёташ ташкил кардан аз имкон берун мемонад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Сабақҳои таърихӣ ва таҷрибаҳои давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳама гуна арзишҳо масъалаи худшиносии миллӣ ва инъикоси он дар васоити ахбори омма барои аз байн нарафтани расму оинҳо ва кӯшиши пойбарҷо нигоҳ доштани тамаддуни мавҷудаи давлату миллат дар доираи асолати меҳанпарастӣ мубрам, аввалиндараҷа ва бағоят муҳим ба ҳисоб меравад. Ин муҳимият чанд сабаб дорад.

Имрӯз тамоми мамлакатҳои қудратманди ҷаҳон кӯшиш карда истодаанд, ки маҳз тавассути ВАО расму оин ва тарзи дурусти зиндагии миллати хешро ба ҷаҳониён муарифӣ намоянду барои мондагор гаштани он тарғибу ташвиқи ҳадафмандонаро ба роҳ монанд. Дар шароити имрӯз, ки равндаи ҷаҳонишавӣ босуръат идома дорад, нақши худшиносӣ дар таҳкими ваҳдат, иттиҳод ва рушду нумӯи миллат хеле муҳим аст. Махсусан, дар радифи маъракаи муҳими сиёсие, ки имрӯз дар Тоҷикистон идома дорад, нақши худшиносии миллиро дар таъмини ваҳдати ҷомеа хеле муҳим ва зарур шуморида, онро яке аз омилҳои асосии баландшавии тафаккури маданӣ ва дониши сиёсӣ метавон ҳисобид.

Раванди ҷаҳонишавӣ бештар ба кишварҳои аз лиҳози иқтидор заиф ва камқувват таъсир мекунад, зеро он хоси давлатҳои абарқудрат буда, арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоии ин мамлакатҳоро пешкаши давлатҳои нисбатан камқувват месозаду онро ба ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангу сиёсати ин кишварҳо табдил медиҳад. Раванди ҷаҳонишавӣ аслан талоши таъсир расонидан ба фарҳанги миллиро дорад, зеро тамоми арзишҳои инсониву миллии кишварҳо тобеи бахши фарҳанганд. Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, ки аз ҷумлаи муқаддастарин арзишҳои худшиносии миллист, барои миллати тоҷик бисёр азиз буда, дар шароити имрӯз сокинони кишвари мо ба қадри ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд, зеро халқи тоҷик бар асари даргириҳои сиёсии солҳои 90 – уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зарбаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеа ҳаргиз фаромӯш намекунад.

Дар шароити имрӯз таъсири дахолати харобкоронаву тақдирсӯзе, ки беш аз ду даҳсола ба Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ сурат гирифта истодааст, бештар эҳсос мегардад, зеро баъзе аз гумроҳҷавонони мо, ки рукнҳои ифротиро афзалтар аз арзишҳои худшиносии миллӣ медонистанд, дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои исломӣ ширкат намуда, ҷони худро аз даст доданд. Дар натиҷаи надонистани асолати миллӣ ва риоя накардани арзишҳои худшиносӣ дар ин кишварҳо садҳо ҳазор одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар ба тарки манзили зисту ватани худ маҷбур шуданд. Дар робита ба оқибатҳои ин даргириҳои бемаънӣ Пешвои миллат чунин гуфтаанд: “Бо дарназардошти сабақҳои талхи солҳои 90 – ум шаҳрвандони кишварро мебояд, ки доим ҳушёр бошанд ва дар ғафлат намонанд. Зеро солҳои охир дар натиҷаи торафт густариш пайдо кардани фаъолияти гурӯҳу ҳаракатҳои экстреместиву террористӣ вазъи ҷаҳон ба дараҷае ҳассосу печида ва мураккабу пешгӯинашаванда гардидааст, ки ягон кишвар кафолати эмин мондану дар канор будан аз ин раванди хатарнок надорад”. Воқеан, ин гуфтаҳо исботи комили хешро ёфтанд. Бояд махсус таъкид кард, ки расидан ба ҷашни таърихии Истиқлолият барои миллати тоҷик кори осон набуд. Ҷанги бародаркуш, гуруснагӣ, бесарусомонӣ… Ҳамаи инҳо марҳилаҳое буданд, ки баъд аз соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сар гузаронид. Маҳз соҳибистиқлолии кишвар тавонист моро ба оламиён шиносонад. Рушди босуръати техника, густариши фарҳанги оламшумулу умумибашарӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва амсоли ин падидаҳои нек ҳамагӣ меваи шаҳдбори дарахти Истиқлолиятанд, ки дар пайи худшиносӣ ба бор омадаанд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

донишҷӯи курси 4, ихтисоси рӯзноманигории байналхалқӣ