Видеоконференсия: Пандемияи COVID-19 ва иқтисодиёт

1252
    




        

Имрӯз (26.05.2020) дар робита ба таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ намояндагони донишгоҳҳои кишварҳои ИДМ видеоконференсия доир намуданд. Видеоконференсия таҳти унвони “Таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишварҳои ИДМ” доир гардида, дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошкент, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Белорус, Донишгоҳи давлатии Молдова, Донишгоҳи давлатии Боку, Донишгоҳи давлатии Ереван, Донишгоҳи миллии Қазон ба номи Ал-Форобӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Ош ва Институти кишварҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов суханронӣ намуданд.

Зимни суханрониҳо таъкид шуд, ки пандемияи COVID-19 дар тамоми ҷаҳон мушкилоти иҷтимоию иқтисодиро ба бор овардааст ва аксари кишварҳои ҷаҳон аз ин вабо талафоти зиёди молиявию иқтисодӣ дида истодаанд. Мутахассион иброз доштанд, ки пандемияи COVID-19 хусусан ба фаъолияти тиҷоратии иқтисодиёти миллӣ таъсири манфӣ расонида, вазъи корхонаҳо, ширкатҳо ва ташкилотҳои тиҷоратиро суст намуда, шумораи бекоронро афзун гардонидааст. Ин мушкилӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла кишварҳои ИДМ, хатари иқтисодӣ пеш овардааст. Таъкид шуд, ки тибқи иттилои роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор К. Георгиева 85 кишвар, ҳамагӣ дар як вақт, барои кумак ба Хазина муроҷиат кардаанд. “дар таърихи 75-солаи фонд ҳеҷ гоҳ аз кишварҳо дар як вақт ин қадар маблағгузории фаврӣ дархост нашуда буд”- гуфтааст К. Георгиева.

Зикр шуд, ки дар ин росто, ҳамкории кишварҳои ИДМ дар мубориза бо оқибатҳои манфии сирояти коронавирус аҳамияти муҳим дорад. Иқтисодиёти ин кишварҳо аз ҳамдигар сахт вобаста буда, дар байни онҳо робитаҳои наздики кооперативӣ, сармоягузорӣ ва муҳоҷиратӣ мавҷуданд. Коршиносон ба хулоса омаданд, ки дар якҷоягӣ метавонанд чораҳои зарурӣ андешида, аз имкониятҳои мавҷуда ва мубодилаи иттилоотӣ оид ба вазъи имрӯза васеъ истифода бурда, корҳои машваратӣ ва амалӣ дар мубориза бар зидди COVID-19-ро дар кишварҳоро ҷоннок намоянд.