ВОХӮРӢ: ҶАВОНОНРО ДОНИШҲОИ ЗАМОНАВӢ ЗАРУР АСТ

610

Дарки нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзун намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, беҳтар намудани идеологияи солими донишҷӯён, саҳми донишҷӯён дар корҳои ободию созандагӣ, тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки имрӯз (14.04.2021) зимни вохӯрии намояндагони самти тарбияи донишгоҳ бо омӯзгорону донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология Ҳомидов Д., мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ Маҳмудов И.Т., дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ Шарипов А, мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М. ва дигар намояндагони масъули донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати донишгоҳ бо мақсади мустаҳкам намудани донишҳои сиёсии ҷавонон-донишҷӯён силсилавохӯриҳо бо донишҷӯёни дигар факултетҳо низ баргузор карда мешавад.