ВОХӮРӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

311

Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид.

Бо ин мақсад ҳамасола дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун “Рӯзи милитсияи тоҷик” бо шукӯҳу шаҳомат ва шукргузорӣ аз неъмати Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бахшида ба ин сана имрӯз (09.11.2023) дар толори фарҳангии Шарифҷон Ҳусензодаи ДМТ чорабинӣ таҳти унвони “Рӯзи милитсияи тоҷик” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, муовини роҳбари дастгоҳи вазири Вазорати корҳои дохилӣ Умарҷони Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбияи ДМТ Саидов Ҳуснуддин вамудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Мардихудо Давлатов иштирок ва суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар мубаддал гардид. Гуфта шуд, ки мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд.

Баъди ба даст омадани Истиқлолии давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани хаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд. Махсус таъкид кардан зарур аст, ки аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст.

Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, аз қабили ҷинояту ҷинояткорӣ ва терроризму экстремиз, инчунин, ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои манфиатҷӯ мавриди баррасӣ қарор гирифт.