ВОХӮРӢ: БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

406

Имрӯз (06.12.2021) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Ш. бо донишҷӯёни курси якуми факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканиҳо, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, пешгирии фарҳанги бегона, баланд бардошатни одоби шаҳрнишинӣ, маҳкум кардани одамрабоӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як зумра кормандону донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ «Сипоснома»-и Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе супорида шуд.