ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲ

62

Дар доираи Нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои бевоситаи ректори Донишгоҳ профессор Хушвахтзода Қ.Х., санаи (29.10.2021) вохӯрии муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А., муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Назирҷонзода Р., мудири бахши хобгоҳҳои донишгоҳ Исматуллои С., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Самиев З., мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М., намояндагони ассотсиатсияи волидайн, шӯрои кураторон, созмони ҷавонон ва бахши таълим ва тарбияи факултетҳо бо донишҷӯёни хобгоҳи №6-и донишгоҳ доир гардид.

Нахуст муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А., аз рафти коҳои баанҷомрасидаи бинои хизматрасонии маишии дорои ҳаммом, ошхона, кошонаи ҳусн ва сартарошхона, ки дар назди бинои хобгоҳи №6 бунёд гардидааст дидан намуданд.

Баъдан муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А. аз вазъи зиндагонии истиқоматкунандагони хобгоҳ дидан намуда, аз камбудиву норасоии ҷузъии мавҷуда дар назди ҳозирин доир ба масъалаҳои муҳимми тарбияи донишҷӯён, аз ҷумла, интихоби раиси шӯрои донишҷӯён, риояи қатъии қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ ва пурзӯр намудани назорати донишҷӯён ба масулини бахши таълим ва тарбияи факултетҳо дастурҳои мушаххас дода шуд. Қайд гардид, ки назорати доимии омаду рафти донишҷӯён, иҷрои бечунучарои қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ аз ҷониби донишҷӯён, саҳми донишҷӯён дар роҳандозии корҳои ободонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ дар ҳуҷраҳо ва тозагии гирду атрофи хобгоҳ яке аз вазифаҳои аввалиндариҷа мебошад.

Зимни суханронӣ мудири бахши хобгоҳҳои донишгоҳ Исматуллои С., таъкид намуд, ки “риояи қатии тартиботи дохилии хобгоҳ, баланд бардоштани масъулияти шахсӣ дар хобгоҳ, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва оби нӯшокӣ яке аз вазифаҳои асосии донишҷӯён мебошад.

Ҳамзамон, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Саидов Ҳ.М., ҳадаф аз чунин вохӯриҳо бо донишҷӯёни хобгоҳро, пеш аз ҳама, беҳтар намудани сатҳи тарбияи донишҷӯён, риоя кардани фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён, мусоидат ба ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи донишҷӯён суҳбат намуд.

Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо мунтазам дар хобгоҳҳои донишгоҳ аз ҷониби масъулони бахши хобгоҳҳои донишгоҳ, шуъбаи тарбия ва омӯзгороне, ки дар хобгоҳҳо навбатдор таъйин шудаанд, гузаронида мешавад.