ВОХӮРӢ БО МУДИРОНИ КАФЕДРАҲО

331

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Собирзода Н.М. бо мудирони кафедраҳои донишгоҳ масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Мудирони кафедраҳо барои беҳтар гаштани сифати таҳсилот нақши қалидӣ доранд ва рушд намудани илму таълим аз онҳо вобастагии зиёд дорад. Назорати дарсҳо, фаъолияти омӯзгорон, корбарии самти тестҳо ва технологияи иттилоотӣ, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, ҳамзамон, назорати фаъолияти магистрантону таҳияи китобу барномаҳои таълимӣ бояд аз пештара бештар назорат гардаду қисман таҷдиди назар шаванд” –гуфта шуд дар вохӯрӣ.

 Зимнан дар робита ба масъалаҳои гуногуни самти таълим ва беҳтар гардонидани фаъолияти он дар факултетҳо андешаҳои судманд сурат гирифт ва таъкид шуд, ки мудирон усулҳои нави корбариро омӯхта, барои анҷоми нақшаҳои корӣ масъулияти бештар эҳсос намоянд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки вобаста ба ворид гардидани мактабҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои байналмилалии таҳсилот зарурати таҷдиди назар намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ, инчунин, мутобиқ кардани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ пайдо гардидааст, ки аз ҳар корманд масъулияти баланд ва иҷрои саривақтиро талаб менамояд.