Хатмкунандагони боҳунар ва хушзавқи факултети журналистикаи ДМТ дар шабакаҳои телевизион ва радио бидуни озмун бо роҳхати факултет ба кор қабул карда мешаванд. Ин нукта имрӯз дар вохӯрии раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо хатмкунандагони факултети журналистикаи донишгоҳ, ки дар Шаҳраки донишҷӯён баргузор шуд, иброз гардид. Зимнан дар вохӯрӣ раиси Кумита Нуриддин Саид вазъи мураккабу пуртаззоди ҷаҳони муосир ва муборизаҳои иттилоотиро таҳлил намуда, зикр намуд, ки дар ин раванд журналистони тоҷик бояд бо донишҳои замонавӣ бархурдор шуда, воқеаву равандҳои ҷаҳониро бо маҳорати касбӣ ва бо назардошти манфиатҳои давлативу миллиамон дуруст таҳлилу ташхис ва дар расонаҳо инъикос карда тавонанд.
Ректори ДМТ, профессор Хушвақтзода Қ,Х. мулоқоти имрӯзи ҳайати Кумитаи телевизион ва радиоро барои боз ҳам қавитар гардидани ҳамкориҳои тарафайн, пайвастани назария ва амалия, беҳтар намудани сатҳи омодагии касбии журналистони оянда муассир дониста, таъкид дошт, ки масъалаи омода кардани журналистони бомаҳорату касбӣ ва донандаи таъриху фарҳанги миллӣ ва худшиносу худогоҳ дар факултети журналистика ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти донишгоҳ аст.
Ин бори аввал аст, ки раиси Кумитаи телевизион ва радио бо роҳбарони 10 шабакаи телевизиону радио ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо донишҷӯёни факултети журналистика вохӯрӣ намуданд. Баъди анҷоми вохӯрӣ меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои Миллат, ки дар бинои нави факултети иқтисодии ДМТ воқеъ аст, дидан карданд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11-март низ бахшида ба 110 солагии “Бухорои шариф” дар факултети журналистика ҳамоиши илмӣ баргузор гардида буд, ки роҳбарони 8 нашрияи даврӣ иштирок доштанд.