Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар доираи баргузории чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ бо устодону кормандони факултети тиббӣ вохӯрӣ намуд. Мақсад аз вохӯрии мазкур шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, инчунин, татбиқи як зумра санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои миллӣ буд.
Зимнан ректори донишгоҳ дар робита ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, татбиқи талаботи қонунҳои миллӣ, инчунин, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои мамнуъ, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз аст, суханронӣ намуда, афзуд, ки мутаасифона, имрӯзҳо бадхоҳони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишварро халалдор намоянд.
Мо – омӯзгорон вазифадорем, ки дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир пайваста корҳои ташвиқотиро роҳандозӣ намоем ва ҷавононро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ равона созем.