ВОХӮРӢ: ХУДДОРӢ АЗ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ

434

Имрӯз (16.02.2022) дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон Расули Барот, сардори шуъбаи аудити дохилии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Авазхон Наимӣ мудири шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Муминзода Нозим ва мушовир-ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Зулхумор Акбарова иштирок намуданд.

Нишаст бо сухани муқаддимавии мудири шуъбаи ҳуқуқи ДМТ оғоз ёфт. Намуда афзуд, ки «Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад». Сипас Расули Барот доир ба ҷанбаҳои мухталифи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки коррупсия яке аз душвортарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Гуфта шуд, ки масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар анҷом оид ба масъалаи баррасишуда суолу ҷавоб сурат гирифт.