Имрӯз (29.11.2021) дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15-уми феврали соли 2021 вобаста ба таъсис додани гурӯрҳи корӣ оид ба пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ, шарҳи бандҳои амалкунандаи қонунҳои миллӣ ва таблиғи дастовардҳои 30-соли соҳибистиқлолӣ бо иштироки гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар толори калони шаҳраки донишҷӯён миёни устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот доир гардид.
Нахуст мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Саидов Ҳ.М. доир ба баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён дар иҷрои вазифаҳои донишҷӯӣ, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои интернетӣ, саҳми фаъоли донишҷӯён дар тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҳукумати кишвар суханронӣ намуд.
Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ доир ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо бояд ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Дар идома директори Муассисаи давлатии Телевизиони «Душанбе» Оқилов М. суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар асри илму техника ҷавонони мо бояд зираку ҳушёр бошанд ва бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ баҳри рушди кишвар худ саҳмгузор бошанд. «Сарвари давлат борҳо таъкид менамоянд, ки фаъолияти созмонҳои равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад»- афзуд М.Оқилов.