ВОХӮРӢ: СИРФАН УСУЛҲОИ НАВИ ТАРБИЯРО ПЕШ ГИРИФТ…

515

 Мусаллам аст, ки масъалаи тарбияи ҷавонон дар мадди аввали тамоми сохторҳои таълимӣ меистад. Сирфан тараннумгари ахлоқи некӯ, хислати ҳамидаи инсонӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ масъалаҳои аввалиндараҷаи кори тарбия бояд қарор бигирад. Имрӯз тарбияи фарҳангию ахлоқии насли ҷавон аз ҷониби масъулин дар якҷоягӣ бо волидайн бояд зери назорати ҷиддӣ қарор гирад. Ҷойи нигаронӣ аст, ки баъзе ҷавонон аз фарҳанги бою ғании худ ба қадри кофӣ хабардор нестанд ва аз одоби муошират (муошират бо калонсолону омӯзгорон ва ҳамдарсону атрофиён) низ огаҳӣ надоранд.

Ин нукта имрӯз (26.11.2021) зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо кормандони раёсати тарбияи донишгоҳ мавриди барасӣ қарор гирифт. Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки кори тарбия вазифаи на танҳо кормандони бахши масъул, балки коллективи устодону кормандони донишгоҳ ва падару модарон мебошад.

Гуфта шуд, ки барои хуб ба роҳ мондани фаъолияти сохторҳои ҷамъиятӣ, аз қабили созмони ҷавонон, бахши занон, самти волидайн назорат ҷиддӣ роҳандозӣ шуда, сирфан усулҳои нави тарбия (равобит бо волидайн тариқи иттилоърасонӣ, ташкили гурӯҳҳои варзишӣ ва дастаи донишҷӯёни боистеъдод) пеш гирифта мешаванд.