Дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҷаласаи васеи шуъбаи тарбияи донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони бахши тарбияи донишгоҳ, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ, раисони Шӯрои кураторон, раисони Шӯрои занон ва духтарон ва раисони Созмони ҷавонон ширкат доштанд.
Зимни баргузории ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. иброз дошт, ки омодагии Шуъбаи тарбия ва муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо барои қабули донишҷӯён ва анҷом додани корҳои тарбиявӣ дар соли таҳсили 2021-2022, самаранокии корҳои тарбиявӣ аз ҷониби сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, чораҳои беҳтар намудани самти фаъолияти онҳо, вазъи интизоми меҳнат дар Шуъбаи тарбия ва бартараф намудани нуқсонҳои мавҷудбуда дар ин самт ҷоннок карда шавад.
Инчунин, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти бахши тарбияи факултетҳо ва мақсаднок анҷом додани вазифаҳои хизматӣ ба шахсони масъули факултетҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М. таъкид намуд, ки ҳамаи масъулони бахши тарбияи факултетҳо бояд бо иродаи қавӣ фаъолият намуда, барои таъмини раванди муътадили корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён талоши бештар намоянд.