ВОХӮРИИ РЕКТОР БО ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ

120

Имрӯз (01.05.2024) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо хонандагони Литсейи суҳбату вохӯрии судманд баргузор намуданд.

Ибтидо, ректори Донишгоҳ ба омӯзгорон ва хонандагони Литсей дар саҳни бинои он вохӯрӣ намуда, дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, барои иҷрои як қатор санаду қонунҳои миллӣ ва пешбурди корҳои таълимию тарбиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои гуногун, аз ҷумла татбиқи бандҳои нақша – чорабиниҳо баҳри «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», омода намудани толибилмони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки олимони соҳа, механизми омоданамоии толибилмон ба муаасисаҳои олии касбии кишвар, иштироки фаъоли толибилмон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҷоннок намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Литсей ва дар руҳияи ватандӯстию созандагӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идомаи вохӯрӣ ректори Донишгоҳ аз ҷараёни дарсҳо, хусусан раванди дарси хонандагони синфи 2-и гурӯҳи тоҷикӣ ва хонандагони синфи 1-уми гурӯҳи англисӣ шинос шуда, бо хонандагон баҳри хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ тавсияҳо дода, таъкид намуд, ки роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳ таваҷҷуҳи зиёд дошта, пайваста тадбирҳои тозаеро рӯйи даст мегирад ва ҷиҳати боз ҳам хубтар фаъолият намудани Литсей тамоми имкониятҳоро истифода менамояд.

Шахзода Ашуралиева.