ВОХӮРИИ РЕКТОР БО СОХТОРҲОИ ГУНОГУНИ ДОНИШГОҲ

294

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо муовинон, садоратҳо, мудирони кафедраҳо ва масъулони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Масъалаҳои интизоми меҳнат, танзими ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ҷараёни таълим, назорати санадҳои сессияи санҷишию имтиҳонӣ, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо, назорати дарсҳо, фаъолияти омӯзгорон, корбарии самти тестҳо ва технологияи иттилоотӣ, таҳияи китобу барномаҳои таълимӣ аз ҷумлаи масъалаҳои баррасигашта буданд.

Зимнан масъулон дар робита ба масъалаҳои мухталифи самти таълим ва беҳтар гардонидани фаъолияти он дар факултетҳо сухан намуда, таъкид дошт, ки корбарони факултетҳо усулҳои нави кориро бояд омӯхта, барои анҷоми нақшаҳои корӣ масъулияти бештар эҳсос намоянд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки вобаста ба ворид гардидани мактабҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои байналмилалии таҳсилот зарурати бештар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия пайдо гардидааст, ки аз ҳар корманд масъулияти баланд ва иҷрои саривақтии дастурҳоро талаб менамояд.

Ректори Донишгоҳ дар самти иҷрои барномаю нақшаи чорабиниҳои мухталиф ва бартараф намудани нуқсонҳои ҷойдошта ба масъулини Донишгоҳ дастурҳои мушаххас доданд.