ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДАСТАИ ОЛИМПИИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. ИШТИРОКЧИЁНИ ФОРУМИ XIII ИҚТИСОДИИ ҶАВОНОНИ АВРУОСИЁ

308

Дар вохӯрӣ ғолибони олимпиадаи мазкур ҳавасманд гардонида шуда, барои фаъолияти минбаъдаашон тавсеаҳои судманд дода шуд.

Ёдрас мешавем, ки аз 25 то 27 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Форуми XIII иқтисодии ҷавонони АвруОсиё баргузор гардид, ки дар он дастаи олимпии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки даста дар 5 номинатсияи Озмун ширкат варзиданд: роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, челленҷ дар сабки Тик-ток: қаҳрамони замони мо, Шаҳр: open the future, амнияти иқтисодӣ бо чашми ҷавонон: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва Россия ва ҳуқуқ ва тиҷорат.

Дар Озмун зиеда аз 11 ҳазор нафар аз 172 кишвар иштирок карданд, инчунин дар Форум намояндагони 44 кишвар, аз ҷумла Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Перу, Эквадор, Кения, Аргентина иштирок карданд.

Дастаи олимпӣ сатҳи баланди донишу маҳоратро нишон дода, ба дастовардҳои зерин ноил гардид:

Муродзода Умед-роҳбари дастаи олимпии факултети ҳуқуқшиносӣ – ҷойи 1-ум дар даври миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2-юм дар финали байналмилалӣ байни олимони ҷавони 172 кишвари ҷаҳон дар Озмуни”Роҳҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд”;

Шабонов Шоҳкарим – ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ – ҷойи 1 – ум дар даври миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни амнияти иқтисодӣ бо чашми ҷавонон: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва русӣ. Шабонов инчунин бо дипломи “Иштирокчии хориҷӣ” – ро сарфароз гардонида шуд;

Ибрагимов Муҳаммадчон – донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ – ҷойи 1-ум дар даври миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни ҳуқуқ ва тиҷорат. Ҳамакнун бо ифтихорномаи фахрӣ сарфароз гардонида шуд;

Мамаджанова Азиза – донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ – ҷойи 1-ум дар даври миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни Челлендж дар сабки Тик-ток дар номинатсияи Омӯзгор қаҳрамони замони мо. Ҳамакнун, барои иштирок фаъолона бо сипоснома сарфароз гардонида шуд;

Оқилова Снежелана – донишҷӯи курси 2 – юми факултети ҳуқуқшиносӣ ҷойи 1-ум дар даври миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни Шаҳр: Open the future.