ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ АРАБӢ БО ИШТИРОКИ САФИРИ ФАЛАСТИН

254

Имрӯз (17.12.2021) бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, инчунин, ташаббуси кафедраи филологияи араби факултети мазкур Рӯзи байналмилалии забони арабӣ, ки ҳамасола 18-уми декабр баргузор мешавад, чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сафири фавқулодда ва мухтори давлати Фаластин дар Тоҷикистон ҷаноби Луай Маҳмуд Тоҳо Исса иштирок намуд. Қаблан меҳмони олиқдр бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуда, дар самти ҳамкориҳои дуҷониба табодулӣ афкор намуданд. Ҳамзамон, ҷаноби Луай Маҳмуд Тоҳо Исса аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуда, дар чорабинии мазкур, ки дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён доир гарид, ширкат варзид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Гуфта шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Фаластин дар соҳаҳои гуногун рушд намуда, дар самти омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанги араб тадбирҳои муҳим андешида шудааст.

Дар идомаи ҳамоиш ҷаноби Луай Маҳмуд Тоҳо Исса, декани факултет, дотсент Рустам Шодиев ва чанде аз устодону донишҷӯёни факултет суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки қисмати дигари ҳамоишро барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи донишҷӯёни факултет ташкил медод, ки бо як маҳорати баланди эҷодӣ гузаронида шуд. Дар оғоз дастаи донишҷӯён Суруди миллии Тоҷикистонро бо забони арабӣ қироат намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби чанд нафар донишҷӯён порчаҳои шеърӣ қироат шуд. Аҳли толорро маҳорати забондонии донишҷӯён ҷалб намуд. Аён шуд, ки донишҷӯён илми омӯхтаашонро дар амал хуб нишон медиҳанд.