ВОХӮРИИ ТАРБИЯВӢ: ҶАВОНОНРО ЗИРАКИИ СИЁСӢ МЕБОЯД

420

Имрӯз (15.02.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М., масъули бахши кураторони донишгоҳ Ашуров И., раиси бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Маҷидзода Д. ва дигар намояндагони шуъбаи тарбия бо донишҷӯёни курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории маҷлиси мазкур, пеш аз ҳама, омӯзиши Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён дар ҷодаи иҷрои вазифаҳои донишҷӯӣ, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳми фаъоли донишҷӯён дар ташвиқу тарғиби сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, риояи қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ ва хобгоҳҳо, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, ба ҷо овардани эҳтироми хоссаи омӯзгорону калонсолон, риояи фарҳанги муошират, талқини фарҳанги либоси миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми самти тарбия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Шуъбаи тарбияи донишгоҳ минбаъд низ чунин ҷаласаҳоро миёни донишҷӯёни факултетҳои дигари донишгоҳ баргузор менамояд.