ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОНИШГОҲ

285

Дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳбарияти ДМТ тасмим гирифт, ки суҳбату вохӯриҳои судмандро бо волидайни донишҷӯён ба роҳ монад. Баҳри мустаҳкам намудани равобити волидон бо донишгоҳ ин навбат вохӯрии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо волидайни донишҷӯёни зумрае аз факултетҳои дигари донишгоҳ (биология, физика, геология, механикаю математика, забонҳои Осиё ва Аврупо, филологияи рус, филологияи тоҷик ва журналистика) баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ зимни вохӯриҳо бо волидайни донишҷӯён иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо волидайни донишҷӯён яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таъкид дошт, ки имрӯзҳо Роҳбари давлат, Ҳукумати кишвар ва раёсати донишгоҳ ба тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу донишманд ва бомаърифат таваҷҷуҳи хоса доранд. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки дар солҳои охир заминаи моддиву техникии факултетҳо беҳтар гашта, шароити мусоиде барои таълими ҷавонон муҳайё гардидааст.

Зимни ҷаласаҳо ректори донишгоҳ масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ, донишгоҳ ва факултетҳоро баррасӣ намуда, ҳамкории падару модаронро дар самти татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти олии ҷумҳурӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз волидайн даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи таълиму тарбияи фарзандон, боло бурдани сатҳи маърифатнокии онҳо, таъмини иштироки фаъолонаи фарзандон дар дарсҳо ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, тарбияи фарзанд дар руҳияи худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд.

Дар интиҳои ҷаласаҳо чанде аз устодони донишгоҳ ва волидайн аз баргузории чунин нишастҳо ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ кӯшиши худро дар ҷодаи ба воя расонидани ҷавонони бомаърифат, меҳанпараст, поквиҷдон ва арҷгузор ба арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва давлатдории миллӣ дареғ намедоранд.