ЗАБОН – РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

283

Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Имрӯз (2.10.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзуи “Забон-рукни муҳими давлатдории миллӣ” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин оғоз ёфт. Қайд гардид, ки масъалаи ҳифзи забон ва арҷгузорӣ ба волоияти он аз умдатарин омилҳое маҳсуб меёбад, ки аз меҳру муҳаббат ва дӯст доштани он аз ҷониби соҳибзабонон сарчашма мегирад. Ҳар фарди ҷомеа, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, ҳангоми суханронӣ аз ин сарвати сарвати бебаҳо бояд чунон истифода барад, ки сомеъ аз гуфтори ӯ як ҷаҳон маънӣ бардорад. Зеро забонро беҳуда воситаи муҳими мубодилаи афкор дар ҷоема нашумурдаанд. Чунону Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” қайд намудаанд, “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеа ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.”

Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филология Сулаймон Анварӣ вобаста ба мавзуи“Забон ва Истиқлол” баромад намуда, қайд кард, ки забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Яке азмуҳимтарин дастовард дар ин роҳ он аст, ки солҳои охир сафи хушсаводон, ба вижа сафи онҳое, ки забони адабии имрӯзаи тоҷикро арҷгузорӣ менамоянд, рӯз то рӯз афзуда истодааст.

Дилмурод Ҳомидов, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи забонва типологияи факултети филология дар бораи муассирии забони тоҷикӣ дар рушди забонҳои минтақа баромаднамуданд.

Инчунин, декани факултети филология, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ва номзади илмҳои филологӣ Ҳафиз Раҳмон вобаста ба мавзуи мазкур ибрози ақида намуданд.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо қироат карда шуд.