ЗАРУРАТИ ТАЪСИСИ ГУРӮҲҲОИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ АЗ РӮЙИ ИХТИСОСИ ФИЗИКА

374

Дар доираи амалишавии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) истифодаи самараноки озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии факултет ва таҷдиди назар намудани шароити корӣ дар онҳо муҳим ва саривақтӣ мебошад. Вақти он расидааст, ки дар доираи ин ибтикороти Пешвои муаззами миллат табодули устодону донишҷӯёнро ҷиҳати анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва омӯзишӣ дар хориҷи кишвар ва гузаштани омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос бештар ба роҳ монда, дар робита ба ин бо ҷалби грантҳои байналмилалӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибмаълумот дар факултети физика гурӯҳҳо бо забони англисӣ ташкил карда шавад.

Масъалаи мазкур дар вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодони факултети физикаи донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар идома роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти факултет пешниҳодҳои судманд ироа гардид.

Чопи мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ҷалби олимону муҳаққиқони риштаи физика аз хориҷи кишвар, анҷоми корҳои илмӣ -таҳқиқотии муштарак, иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ, таҷдиди назар намудан ба усулҳои кори самти таълиму тарбия ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.