Имрӯз (13.08.2022) дар нуқтаҳои гуногуни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади тозаву озода гардонидани гирду атрофи биноҳо ва назаррабо гардонидани атрофи онҳо шанбегӣ баргузор гадид. Дар ин шанбегӣ, ки кормандон ва масъулини бахши хоҷагидории донишгоҳ ҷалб шуда буданд, гирду атрофи биноҳо аз хазонҳо ва партовҳо тоза карда шуданд.
Яке аз иншоотҳои донишгоҳ ин бинои хобгоҳҳои он мебошад.Чун анъана имрӯз чунин корҳои ободонӣ дар атрофи биноҳои хобгоҳҳои донишгоҳ гузаронида шуд. Гуфта мешавад, ки кабудизоркунӣ ва назаррабо гардонидани атрофи хобгоҳҳо аз ҷумлаи корҳои анҷомдодаи масъулин буданд.