Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ

Ғаффорзода И.Ғ.  – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ

Ғаффорзода И.Ғ. 8-уми декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2009 шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм намудааст. Ғаффорзода И.Ғ. дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДДМТ (2009-2013), муаллими калони кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2013-2015), дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2015), муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2014-2015), мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДМТ (2015-2019) аз соли 2019 директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

 Ғаффорзода И.Ғ. солҳои 2010-2013 аспиранти кафедраи ҳуқуқи граждании ДМТ ва солҳои 2013-2015 магистратураи ДМТ-ро бо ихтисоси молия ва қарз (иқтисодчӣ) хатм намудааст.

Ғаффорзода И.Ғ. соли 2014 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи «Табиати ҳуқуқии шартномаҳои муаллифӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2021 рисолаи докторияшро дар мавзӯи “Проблемаҳои вазъи ҳуқуқии кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти сивилистӣ” ҳимоя намудааст.

Хизматҳои шоистаи олими ҷавон Ғаффорзода И.Ғ. бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ (2018), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020), Ифтихорномаи ДМТ, “Хизмати шоистаи Тоҷикистон” ва бо сипосномаю раҳматнома, медалҳои ҷашнии чанде аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ қадр гардидаанд.

 Ғаффорзода И.Ғ. яке аз ҷавонони масъулиятшинос ва ҷӯянда буда, дар робита ба мавзӯъҳои илмияш таҳқиқоти арзишманде ба сомон расонида, пашӯҳишҳояш дар 7 монография, зиёда аз 20 дастури таълимию методӣ ва беш аз 90 интишороти илмӣ инъикос гардидаанд. Инчунин, бо мақсади иштирок дар конференсияҳои илмӣ ва иҷрои корҳои илмӣ, ҳамзамон, ҷиҳати рушд бахшидани фаъолияти корӣ ба чанде аз давлатҳо, аз ҷумла ба Россия, Олмон, Австрия, Италия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Фаронса ва Англия сафар намудааст.    Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.