Мудири кафедраи сиёсатшиносии ДМТ н.и.с., дотсент М.М.Абдулҳақов
Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи сарҳади хешро дар заминаи ҷустуҷӯи дарёфти роҳҳои таҳким ва такмили давлатдории миллӣ оғоз намудааст, ки он асосан хосияти объективӣ дошта, дар заминаи ба эътибор гирифтани манфиатҳои миллӣ рушд меёбад. Ҳоло инкишофи сиёсии кишварро масъалаҳои мураккаби сарҳадӣ ҳамроҳӣ намудааст, ки дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дар шароити имрӯза аҳамияти муҳим пайдо намудааст. Ҳоло ба сифати омилҳои бунёдӣ ва нерӯи муттаҳаррик масъалаи ҳифзи сарҳади давлатӣ баромад менамояд. Ан ин рӯ моҷарои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон яке аз масъалаҳои меҳварӣ мансуб меёбад. Масъалаи мазкур ба сифати асоси фаъолияти ҳам Ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон баромад намуда, монеаҳоро дар тарзи муносибатҳо пеш овардааст.Институтҳои давлатӣ дар заминаи талаботҳои ҷамъиятӣ дахлнопазирии ҳимояи сарҳадот, танзими муносибатҳои байниҳамдигарии одамон, ки дар ҳудуди Ворух зиндагӣ менамоянд, зери суол қарор мегиранд.
Ҳимояи манфиатҳои ҳудудӣ вазифаи асосии инкишофи давлат ба ҳисоб меравад. Мавҷудияти ҳар як давлат низ маҳз дар тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади он муайян мегардад. Аз тарафи дигар ҳифзи вақеъии сарҳади давлатӣ маҳз аз стратегияи мафиатҳои миллӣ бар меояд, ки чӣ гуна марзу бум дар муносибатҳои байнидавлатӣ ҳимоя карда мешавад. Қӯшунҳои ҳарбӣ дар радифи мавқеи географии мамлакат оид ба ҳифзи сарҳад мақоми махсус доранд. Ҳар як кишвар зарур мешуморад, ки сарҳади давлатии хешро ҳимоя намояд. Он манфиатҳои умумидавлатӣ ва умумимиллиро таҷассум менамояд. Дар баробари ин қӯшунҳои ҳарбие, ки ҳифзи сарҳади давлатиро ба душ доранд, аз тарафи афсарони касбӣ сафарбар гаштаанд. Дар ҳолате ки онҳо аз ӯҳдаи ҳимояи сарҳади хеш баромада наметавонанд, барои онҳо иттифоқчии пурзӯре лозим меояд, ки дар роҳу воситаҳои коммуникатсияи ҷаҳони беруна ҳуқуқи мавқеъгириро пайдо намоянд.
Яке аз масъалаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳофизати тақсимнопазирии ҳудуд таркиб ёфтааст. Ҳар гуна моҷаро ва бархӯрдҳо дар сарҳад метавонад таҳдид ба истиқлолият ва амнияти кишвар ҳисобида шаванд. Аз ин хотир, Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки ба сар задани чунин моҷароҳо ва бархӯрдҳо муқобилият нишон диҳад ва тамоми имкониятҳоро истифода намуда, тамомияти арзии мамлакатро нигоҳ дорад. Имрӯз ҳадафи асосии Тоҷикистонро ташкили ҳалқаи амният дар хати сарҳади ҳамсоягони бо мо дӯст ташкил медиҳад. Ҳамкориҳо дар доираи принсипи таъмини амнияту суботи сиёсӣ, таҳкими масъалаи сарҳадоти давлатӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар, эҳтироми истиқлолияти сиёсӣ, ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ ва ғайра шаҳодати ин муносибатҳои манфиатбахш мебошанд.
Вале сарҳади давлатӣ дахлнопазир аст. Риояи ҳифзи сарҳади давлатӣ, таъмини тамомияти арзӣ вазифаи муқаддаси тамоми бошандагони кишвар ва аз ҷумла, ходимони сиёсию давлатӣ мебошад.
Ҳар як давлат манфиатҳояшро фақат дар муносибат бо давлатҳои дигар қадр ва ҳимоя карда метавонад. Махсусан, нақшу мақоми давлатҳои ҳамсоя дар муносибатҳои тарафайн дорои арзишҳои муҳиманд. Тоҷикистон бо давлатҳои зиёде ҳамсарҳад аст. Махсусан сарҳад бо Қирғизистон (980 км) рост меояд. Сарҳадҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон то ба ҳол дар ҳолати номуайянӣ қарор дорад. Ба замми ин масъалаҳои сарҳаду ҳимояи манфиатҳои маданию миллӣ метавонанд дар муносибатҳои байниҳамдигарии Тоҷикистону Қирғизистон мушкилиҳо ва мухолифатҳоро пеш оранд.
Рӯовариҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои иттиҳодиявии Қирғизистон (Иттиҳодияи туркзабонҳо) ва вобастагиҳои инкишофи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистонро ба назар гирифта, эҳтимолияти ба Тоҷикистон таъсир расонидан ва ҳатто, фишор оварданро низ чашмдор шудан мумкин аст.
Неруҳои алоҳида ва аҳолии наздисарҳадии Қирғизистон кӯшиш менамояд, ки мардуми таҳҷоии минтақаҳои наздисарҳадииТоҷикистонро зери таъсири хеш қарор диҳанд. Махсусан, дар ҳодисаҳои сарҳадӣ таъсиррасонии вай бештар ҳис мегардад. Интиқоли обро дар саргаҳ маҳдуд менамояд. Дастрасӣ ба об яке аз сабабҳои асосии муноқишаҳо дар минтақа мебошад.
Сабабҳои муноқишаҳои доимӣ дар минтақаи марзӣ дастрасӣ ба об, баҳсҳо дар бораи замин, ки ба мушкилоти ҳалношудаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад асос ёфтааст. Саволе пеш меояд, ки чӣ боис шуд, ки муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омад? Ҳодиса чунин аст, ки 28 апрел дар қитъаи “Ҳавзаи саргаҳи об”, ки дар қаламрави марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон – вилоятҳои Суғд ва Бодканд ҷойгир аст, муноқиша рух дод. Ҷониби Тоҷикистон иқдом гирифт, ки камераҳои назоратиро дар сутунҳои хати барқ насб намояд. Ҷониби Қирғизистон бошад ба он мухолифат намуда, ғайриқонуни ба нест намудани сутунҳои видеокамераи насбшуда шурӯъ намуд. Дар аввал байни иштирокчиёни ин ҳодиса задухӯрди лафзӣ рух дод, сипас онҳо ба сӯи ҳамдигар санг партофтанд ва дар таърихи 29 апрел ин муноқиша ба як задухӯрди мусаллаҳона табдил ёфт, ки дар он низомиёни тарафҳо ширкат намуданд.
Пас саволи дигаре пеш меояд, ки чӣ гуна муноқиша ба муқовимати мусаллаҳона табдил ёфт?
Рӯзи 29 апрел вазъ дар минтақаи наздисарҳадӣ ба сабаби амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Қирғизистон, ки ба сангандозӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон шурӯъ шуд ва дар маҳалли нуқтаи тақсимоти об низомиёни қирғиз ба сӯи марзбонони тоҷик оташ кушоданд. Мутобиқи харитаҳои солҳои 1924-1927, инчунин 1989, “ин объект яъне, саргаҳи об пурра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ва аз соли 1968 инҷониб барои обёрӣ ва обтаъминкунии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешавад.”
Аз ин хотир, Тоҷикистонро зарур аст, ки чораҳо андешад ва дар мавриди зарурӣ онҳоро воқеӣ гардонад. Яке аз чунин воситаҳо ва чораҳои зарурию ҷавобӣ тағйир додани низоми истифодаи захираҳои об мегардад.
Вале, ба амал баровардани чораю тадбирҳои барои ҳар ду кишвар манфиатнок қобили қабул аст.
Дар сиёсат ҳама чиз тағйирёбанда аст. Ҳатто дӯстӣ ва душманӣ низ доимӣ нестанд. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон низ аз ин қоида истисно нест. Чанд сол пеш Қирғизистон ҳамгироиҳоро, пеш аз ҳама дар соҳаи сиёсию ҳарбӣ бо ИМА ва Ғарб авлотар медонист. Ҳоло бошад муносибаташро дар доираи иттифоқи гумрукии “Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё” мустаҳкам гардонидааст. Дар амалияи ҷамъиятӣ манфиатҳои миллӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими таъминоти бехатарии амнияти миллӣ ба шумор меравад, ки дар назди давлат як қатор вазифаҳои мушаххаси ҳаётан муҳимро пеш мегузорад: таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва ҳимояи Тоҷикистон аз ҳуҷуми ҳарбӣ, таъмини бехатарии сарҳадоти давлатӣ, ба даст овардани мустақилияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, паст намудани сатҳи қашшоқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, коррупсия, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, авбошӣ ва ғайраҳо.
Айни замон кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор мушкилоти ҳалношудаи сарҳадӣ доранд. Аз ин хотир, масъалаҳои зиддиятноки сарҳадӣ, ки то имрӯз дар доираи минтақа ҳалли худро наёфтааст, метавонад ба амнияту оромии минбаъдаи ҳам кишвар ва ҳам минтақа хавфи воқеиро пайдо созад. Далели ин гуфтаҳо масъалаҳои баҳсноки сарҳади байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки то ҳол ба танзим оварда нашудаанд, мисол шуда метавонад. То имрӯз делимитатсияи сарҳадҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон ба охир нарасидааст. Тибқи маълумотҳои расмӣ байни ин давлатҳо зиёда аз шаст ҳудуди баҳсталаб мавҷуд аст ва ба ақидаи мутахассисон ҳалли ин масъала дар давоми даҳсолаҳои наздик дар гумон аст. Зеро комиссияҳои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои сарҳад ҳангоми баррасии масъала ба ҳуҷҷатҳои бойгониҳои гуногун такя мекунанд. Аз ҳама муҳимаш онҳо ҳадафҳои мухталиф дошта, муносибати ягонаро ихтиёр накардаанд.
Номуайянии сарҳад боиси каҷфаҳмӣ ва баҳсу мунозираҳои байни аҳолии маҳаллӣ мешаванд. Масъалаи марбуте, ки дар шароити имрӯза амнияти давлатиро ба ташвиш овардааст вазъи сарҳади шимоли кишвар мебошад. Дар ин ҷо амнияти миллӣ аз амалҳои ошкорои таҷовузкорона ё ин ки бадқасдона аз ҷониби Қирғизистон дар зери хавф қарор дорад. Ҷониби Қирғизистон солҳои зиёдест, ки ба Тоҷикистон тавассути истифодаи усулҳои гуногун фишор меорад.
Далели ин гуфтаҳо муноқишаҳо дар марзи шимолии Тоҷикистон ифодаи худро пайдо менамоянд. Ҳол он ки раванди тақсимоти ҳудудии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба охир нарасидааст.
Масъалаи сарҳад чандин сол инҷониб дар муколамаҳо ва музокироти сатҳи гуногуни кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳокима мешаванд, қариб бе натиҷа анҷом меёбанд. Қирғизистон ба тариқи яктарафа сарҳадҳои худро бо Тоҷикистон баррасӣ месозад, ки асосан шаҳрвандони Тоҷикистон қурбониҳои он мешаванд.
Дар амалияи ҷамъиятӣ бештари вақт зиддиятҳои сарҳадӣ хусусияти байналмилалиро гирифта, аз сарҳади давлат берун мебароянд ва сабаби сар задани моҷароҳои байнидавлатӣ мегарданд. Нофаҳмӣ ва номӯътадилии инкишофи муносибатҳо дар миёни давлатҳо дар ҳолате ба вуқӯъ меояд, ки агар сарҳади байни онҳо муқаррар нашуда бошад ё сарҳад нодуруст ва беадолатона тақсимбандӣ гардида бошад. Ин гуна номутаносибӣ метавонад ба амнияти давлатӣ таҳдид намояд.
Вобаста бо ин, барои таҳкими устувории давлат ва ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд як қатор тадбирҳоро андешад. Зеро устувории ҳар як давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама аз шароити дохилӣ ва берунии кишвар вобастагии калон дорад. Бинобар ин, барои таъмини амнияти давлатӣ бартараф намудани муноқишаҳои сарҳадӣ амалҳои зарурӣ андешида шаванд. Мутаассифона, таҳдидҳои пайваста аз ҷониби давлати бо мо ҳамсоя метавонад ба шароити мусоиди инкишофи ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва умуман, соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ монеа гарданд.
Таъсиси меъёрҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ барои Тоҷикистон аз ҳарвақта дида бештар рӯзмарра гардидаанд. Зеро он метавонад сохторҳои минтақавии амнияти иттилоотиро таъмин намояд. Меъёрҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотиро метавон пеш аз ҳама, дар вилояти Суғд истифода намуд.
Ҳамин тариқ, аз таҳлили вазъияти бамиёномада ва таҷрибаи кишварҳои олам вобаста ба ҳалли масъалаҳои алоқаманд ба демаркатсияи сарҳад ба чунин хулосае омадан мумкин аст, ки ягона роҳи ҳалли бӯҳрони бавуҷудомада ин музокирот мебошад. Зеро таҷрибаи ҷамъиятӣ нишон додааст, ки моҷаро тариқи зӯрӣ ҳал карда намешавад. Оид ба эътидол овардани вазъ, аз ҷумла созишнома дар бораи оташбас ва омодагии ҷонибҳо ба ҳалли низоъ тавассути воситаҳои дипломатӣ имкон дорад.