БА ИСТИҚБОЛИ 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ: Бунёдгузор ва раҳнамои сиёсати муваффақи хориҷии Тоҷикистон

7237

Имсол Тоҷикистони азизи мо санаи муҳимми таърихӣ, яъне 30 солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Ин сана муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони таърихи навини тоҷикон маҳсуб мегардад. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъд аз ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика, Дания, Туркия, Япония, Корея, Полша аз нахустин давлатҳое буданд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, сафорат ва намояндагиҳои дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд.

       Ҳамзамон, эълони истиқлолияти давлатӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст гардида, ширкати хешро дар ин созмонҳо ба хотири эъҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими истиқлолият, ҳифзи тамомияти арзӣ, тақвияти давлатдорӣ ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ мемонд.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 феврали соли 1992 ба САҲА, 2 марти соли 1992 ба СММ, апрели соли 1992 ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, 1 декабри соли 1992 ба Созмони Конфронси Исломӣ, 18 январи соли 1993 ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, 6 апрели соли 1993 ба ЮНЕСКО ва ғайра шомил гардид. Аммо, раванди бунёдкорӣ, давлатсозӣ ва ҷаҳонишавии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон дере нагузашта дучори бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавии халқ гардида, давлати тозабунёди моро ба вартаи ҳалокат мекашид.

       Ба шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ, феномени беназири сиёсии худ, сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад. Дар ин замина Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имкониятҳои байналмиллалиро ҷиҳати фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор дод.

      Усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ аз тарафи Раиси Шӯрои олии ҷумҳурӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» баён гардид.

        Дар баёния Роҳбари давлат муҳимтарин ва умдатарин масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба чунин тарҳрезӣ намуд:

          • Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ,

• Барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаоварӣ тарафайн ҳамкорӣ кунанд.

• Аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ.

 • Мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон.

• Дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории дутарафаи судманд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоб мекунанд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Афғонистон, Покистон, Чин, Эрон, давлатҳои дигари Осиёву Африқо ва Амрикову Аврупо.

• Ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Дар ин нуқтаҳо усул ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври куллӣ баён гардиданд. Инкишофи баъдинаи он дар асарҳо, мақолаҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо ва Паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ инъикос ёфтаанд. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат пойгоҳи мустаҳками амалисозии сиёсати хориҷии кишвар ба вуҷуд оварда шуд, ки самтҳои зеринро дар бар мегирифт.

1. Ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқӣ ва назариявии сиёсати хориҷӣ.  

2. Мушаххас намудани салоҳияту мақомоту сохторҳои давлатӣ роҷеъ ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ.

3. Рушди Вазорати корҳои хориҷӣ ва таъсис додани муассисаҳои дипломатии хориҷи кишвар.

4. Мушаххас намудани амалияи ягонаи ташрифоти давлатӣ.

5. Ба вуҷуд овардани шароит барои баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ.

Ҳамчунин, бо ҳидояти Пешвои миллат якчанд санадҳои муҳимми назариявӣ, ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар таҳия ва эҷод гардиданд. Муҳимтарин санади сарнавиштсози ин давр Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва дар моддаи 11 он сиёсати хориҷии кишвар ба тариқи зайл муайян гардидааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад».

Роҳбарияти ҷумҳурӣ бо назардошти воқеоти ҷаҳонӣ ва тақозои рӯз, давра ба давра санадҳои танзимкунандаи сиёсати хориҷиро таҳрезӣ менамуд. Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти дипломатӣ» аз ҷумлаи онҳост, ки бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат дар ин давра таҳия ва эҷод гардиданд. Пешвои миллат ишора намуданд, ки «Дар вақти таҳия сохтани консепсияи сиёсати берунаи кишвар мо бояд ба назар бигирем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалӣ ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад:

Ҳавзаи якум – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳқими равобити ҳамаҷиҳата тамоили ботиниӣ дорад.

Ҳавзаи дуюм – Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ қарор дорад.

Ҳавзаи севвум – Фазои зисту амали давлатҳои форсзабон…

Ҳавзаи чаҳорум – доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқ…

Ҳавзаи панҷум – ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳириву ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд». Мутобиқи нишондод ва ҳидояти Сарвари давлат Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сентябри соли 2002 ва Қонун «Дар бораи хадамоти дипломатӣ» 2 декабри соли 2002 ба тасвиб расид. Дар Консепсия моҳият, мундариҷа, дурнамоии сиёсати хориҷӣ ва самтҳои авлавиятҳои он инъикос меёфтанд. Дар он ҳифзи манфиатҳои миллӣ, самтҳо афзалиятҳо, минтақаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои шарик ва дуру наздик ва дигар масъалаҳои муҳимми роҳандозии сиёсати байналмилалии кишвар муайян гардида буд. Мутобиқ ба ин Консепсия бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва вазъи кунунии ҷаҳонӣ Пешвои миллат, сиёсати хоричии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шуруъ аз соли 2003 сиёсати «дарҳои боз» эълон намуд, ки ҳадафи он дарёфти тавозуни оқилона ва одилона дар робита бо кишварҳои хориҷӣ аст.

Сиёсати хориҷии «дарҳои боз» дар тӯли солҳои истиқлолият дурустии худро собит сохта, имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дарёбад, онро мустаҳкам созад ва имкониятҳои ғании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои мубрами дохилӣ равона намояд. Барқарор ва рушди мутавозини робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон дастоварди бузург ва манфиатбахши ин стратегия мебошад. Стратегияи «дарҳои боз» имкон дод, ки кишварҳои қудратманди ҷаҳонӣ ба кишвари мо ба ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ҷалб карда шуда, як қатор лоиҳаи муҳимми иқтисодӣ, энергетикӣ, инфросохторӣ таҳия ва татбиқ гардидаанд, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар заминаи мусоидро фароҳам сохтааст. Сиёсати «дарҳои боз» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст. Чунин сиёсати созанда ва муваффақ дастоварди бузург ва манфиатбахши ин стратегия мебошад. Рушди робитаҳо бо кишварҳои Шарқ-Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Япония, бо ҷаҳони ислом бо кишварҳои узви ИДМ, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои пешрафтаи Ғарб самти муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таҳия ва татбиқи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо назардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиши онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра аз қабили таъмини аҳолии рӯйи замин бо оби нушокӣ, дар ин росто, эълон намудани соли 2003 соли оби тоза ва таҳияи барномаи дарозмуддати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (2005-2015), ки аз тарафи СММ бо ҷонибдории 141 кишвар ба тасвиб расид, эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло бурд. Тоҷикистон дар доираи ин барнома як силсила тадбирҳои муҳимми сатҳи байналмилалро дар шаҳри Душанбе созмон дод, ки аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд.

Дар доираи ин ташаббус 20-21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмиллалӣ сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид, ки дар он беш аз 900 нафар намояндагони воломақом ва коршиносони сиёсӣ аз 70-кишвари ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат варзиданд. Соли 2015 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси навро дар бораи эълон намудани барномаи «Даҳсолаи об ба хотири рушду устувор» барои солҳои 2018-2028 пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо руҳбаландӣ истиқбол гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои минтақа, аз ҷумла ба масъалаҳои изтиробомези ҳавзаи баҳри Арал бетараф набуда, дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли ин масъала талош меварзад. Истифодаи оқилонаи об ва захираҳои энергетикӣ аз мавзӯъҳое, аст ки Тоҷикистон онро пайваста дар сатҳи ҷаҳонӣ масъалагузорӣ менамояд ва ташаббускорӣ таъсис додани консорсиуми байналмилалии об буда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки оби кӯли Сарез тавассути бунёди лӯлаҳои пуриқтидорӣ обгузаронӣ ба кишварҳои эҳтиёҷманд интиқол дода шавад. Дар ин росто Тоҷикистон соли 2013 – ро соли «ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуда, кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли ин масъалаи ҳаётан муҳим даъват намуд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ эътибор ва мавқеи Тоҷикистонро дар ҷаҳон боло бурд ва аз тарафи сиёсатмадорони ҷаҳонӣ баҳои арзанда гирифт.

20-уми сентябри соли 2010 дар ҷаласаи сатҳи олии Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои ҳадафҳои рушди ҳазорсола, муовини Дабири Кулли СММ Ша Тсу Кан ба ташаббусҳои Пешвои миллат баҳои баланд дод.

Ба туфайли сиёсати созанда ва муваффақи хориҷӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи 176 давлатҳои дунё расман эътироф гардида, бо 140 кишвари олам робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шудаанд. Ҳамасола миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари дунё тиҷорат ва табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмони бонуфузи тиҷоратии ҷаҳонии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (ВТО) гардид. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни дунё беш аз 1200 санад ва ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, тиҷорат, маориф, фарҳанг ва ғайра ба имзо расонидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бунёдгузорони созмони бонуфузи ҷаҳони Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

Ҳоло, дар Тоҷикистон намояндагиҳои қариб 50 созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолият намуда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намудааст. Намояндагиҳои ҷумҳурии мо дар СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, СААД ва ғайра фаъолона ширкат варзида, ҳузури худро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вусъат мебахшад. Ҳамчунин, Тоҷикистон дар ин давра санадҳои муҳимтарини байналмилалӣ, аз ҷумла Ойинномаи СММ (соли 1945) Санади хотимавии Хелсинки (соли 1975), Эъломияи ҳуқуқи башар (соли 1948) ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ мешуморад.

Сиёсати оқилона, озмудашуда ва мутавозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Мавқеи ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё роҳбарон ва сарварони Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Япония, Австрия, Полша, Венгрия, Белорус, Арманистон, Озарбойҷон ва ғайра ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ, муншиҳои умумии Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан, Пан Ги Мун, Антонио Гутериш ва дигарон ба Тоҷикистон аз эътибори баланди байналмилалии Президенти Тоҷикистон ва мавқеи рӯзафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.

Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти беназири ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои маҳбуби миллат ва лидери барҷастаи сатҳи ҷаҳонии асри ХХ1 табдил додааст, ки мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.

Бошад, ки дар партави хуршеди истиқлол бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои сулҳу ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар пойдор бимонад.

Н.М.Мирзоев,

профессори ДМТ