ТОҶИКИСТОН –ӮЗБЕКИСТОН: ДАР МАСИРИ ҲАМДИЛӢ

600

 Решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба умқи асрҳо расида, аз қадимулайём муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ миёни онҳо устувор буданд.

Тоҷикистон бар асари умумияти таърихӣ анъанаҳои фарҳангӣ ва марзҳои муштарак ҳамеша хоҳони густаришу таҳкими робитаҳо бо ҳамсоядавлати Ӯзбекистон буд.

Садсолаҳои охир халқҳои тоҷику узбек дар ҳавзаҳои ягонаи сиёсӣ, ҷуғрофиву фарҳангӣ умр ба сар мебурданд ва ин омил низ дар баҳамбандии сарнавишту шеваи зиндагии онҳо таъсиргузор будааст. Иттиҳоди Шӯравӣ ин ду халқро аз нав дар ҳайати як давлат муттаҳид намуд ва барои рушди онҳо шароити мусоид фароҳам сохт. Дӯстӣ ва бародарии ин ду халқ қавӣ буд. Пошхӯрии давлати Шӯравӣ боиси таъсиси давлатҳои нави соҳибистиқлол гардид. Халқҳои тоҷику ӯзбек дар харобазори Иттиҳоди фаноёфтаи Шӯравӣ ҷумҳуриҳои мустақили худро эълон намуданд. 1 сентябри соли 1991 Ӯзбекистон, 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуданд. Дар сарнавишти халқҳои тоҷику ӯзбек давраи нав давраи бунёди давлатҳои нави миллӣ оғоз ёфт. Сароғози давлатдории навин барои ҳарду халқ аз пешомади хушбинона ва муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд, ҳамзистии осоишта дарак медод. Дар аввалин суханрониҳои худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 28 сентябри соли 1993 дар иҷлосияи ХVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуданд: «Барои мо тоҷикон муносибати дӯстона, мустаҳкам ва тулонӣ бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ниёзи мардумист».

22 декабри соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардид. Аз соли 1995 сафорати Тоҷикистон фаъолияти худро дар шаҳри Тошкент оғоз намуд. Аз соли 1992 то имрӯз миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 111 созишнома, аҳднома, қарордод ба имзо расидааст, ки ҳамкориҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ илмиву фарҳангиро фаро мегиранд. Дар миёни силсиласанадҳое, ки байни ду давлат дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расиданд, Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 январи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июли соли 2000 ба ҳисоб мераванд.

Аҳдномаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ соли 1993 бо Ӯзбекистон ба имзо расида, аввалин Аҳдномаи дӯстӣ ба шумор меравад, ки Тоҷикистон бо давлати хориҷӣ баъди дарёфти истиқлолияти давлатӣ имзо намудааст. Дар санад «принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба аз ҷумла, эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, кӯшишҳои мутақобила ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои шарикии иқтисоди барои ҳарду ҷониб судманд ҳам дар сатҳи байнидавлатӣ ва ҳам дар сатҳи субектҳои хоҷагидории ду кишвар дарҷ шуданд. Дар Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ «ҷонибҳо бо назардошти дурнамо барқарор кардани шакли нави муносибатҳо миёни кишварҳои минтақа, уфуқҳои ҷадиди ҳамкории давлатиро муайян намуданд ва усулҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро моҳиятан васеъ карданд».

Дар заминаи ин ва даҳҳо санадҳои қарордодӣ ва ҳуқуқӣ Тоҷикистон пайваста мекушад, ки муносибатҳои ду ҳамсоякишвар дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд инкишоф ёбанд.

Аввалин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 октябри соли 1994 сурат гирифт. Дар ҷараёни сафар «Эъломия дар бораи ҳамкории ҳамаҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба имзо расид.

4 январи соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Ӯзбекистон бори дуюм сафари расмӣ анҷом дод. Дар ҷараёни сафари расмӣ байни ду мамлакат 4 санади байниҳукуматӣ ба имзо расид. Сафари Президенти Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон такони нав бахшид ва муносибатҳо дар самтҳои гуногун фаъолтар гардиданд.

Оғози фаъолияти сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе июли соли 1998 умеду эътимодро аз таҳаввули робитаҳои байнидавлатӣ меафзуд. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Тоҷикистон 15 июни соли 2000 дар таърихи робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад. Мулоқот ва вохӯриҳои сарони ҳарду давлат Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз майлу рағбати тарафҳо дар мавриди таҳким бахшидан ба раванди муносибатҳои некуҳамсоягии ду кишвар башорат медод. Идомаи мантиқии чунин сиёсат имзои Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ буд, ки сарони ҳарду давлат Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон 15 июли соли 2000 имзо намуданд. Аҳдномаи дӯстии абадӣ санади фаъолсозандаи робитаҳои ду кишвар ба ҳисоб мерафт, ки майлу хоҳиш ва манфиати ҳар ду халқҳои ҳамсояро ифода мекард. Ҳангоми сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 27 декабри соли 2001 Сарвари давлати Ӯзбекистон изҳор намуд, ки «халқҳои ду мамлакати мо таърихи умумӣ доранд ва асрҳо паҳлуи ҳамдигар мезистанд… бо ҳам будан сарнавишти мост ва мо бояд бо кушишҳои якҷоя ин мушкилиҳое, ки мардумони кишварҳои мо бо онҳо рӯ ба рӯ омадаанд, бартараф намоем».

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон тайи 30 соли истиқлолият пайгирона мекушид, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон сиёсатӣ дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандро пеш барад, ки ба манфиати ҳар ду халқҳост. Сентябри соли 2016 дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳифаи нав боз шуд.

Президенти нави Ӯзбекистон Мирзиёев Ш.М сиёсати кишвари хешро нисбати Тоҷикистон куллан тағйир дода, дар тамоми самтҳо муносибатро ҷоннок намуд. Марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзиёев Ш.М бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҷараёни музокироти хосаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор гардиданд. Дар ҷараёни музокирот муҳимтарин масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо манфиатбахш муштаракан ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки сафари аввалини ӯ ба Тоҷикистон дар маснади Сарвари давлат ба рушди тамоми маҷмӯи муносиботи ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. “Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, такконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”, таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарони давлатҳо оид ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу робитаҳои гуманитарӣ, иртибототи нақлиётӣ, истифодаи захираҳои обу энергетикӣ, амният ва мудофиа, ҳамчунин, густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар мубодилаи афкори судманд анҷом доданд. Сарони ду давлат дар аснои мулоқот ба доираи васеи масъалаҳои минтақавию байналхалқӣ таваҷҷуҳ карда, дидгоҳу назари хешро оид ба роҳҳову тариқаи ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи минтақаи Осиёи Марказӣ баён сохтанд. Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки ташаббусу ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ҷиҳати эҷоди фазои наву созандаи ҳамкории байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ комилан ҷонибдорӣ менамояд. «Мо иқдомоти Шуморо дар мавриди эҷоди фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар фазои умумии мо самимона истиқбол гирифтем, зеро онҳо бо ҳадафҳои мо комилан созгору ҳамонҳанг мебошанд» – иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Шавкат Мирзиёев.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон музокироти ҷонибҳоро ҳамчун оғози марҳалаи нав дар муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ намуда, нақши муҳими Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар интиқоли ин муносибот ба маҷрои рушди созанда махсус таъкид карданд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев барои чунин талошҳои нек ва созандааш изҳори сипос намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби худ ба Президент ва мардуми Тоҷикистон барои истиқболи бародарона ва меҳмоннавозии гарми ӯ ва ҳайати расмии ҳамроҳонашон изҳори сипос намуда, қаноатмандии амиқи хешро аз натиҷаҳои музокирот иброз дошт. Шавкат Мирзиёев тамоюлҳои мусбати овони ахирро дар муносибатҳои ҷониби ду кишвар, аз ҷумла ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол ва фаъол гаштани ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ, ки ба арзишҳои маънавии муштарак ва анъанаҳои ғании дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя менамоянд, баҳои баланд дод. Дар иртибот ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ниятҳои баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштироки ҷониби Ӯзбекистонро дар бунёди иншооти гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони НОБ-и Роғун баён кард. Ҳамчунин, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла иқдоми эълон гардидани давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти минтақавӣ мавриди дастгирии ҷониби Ӯзбекистон қарор гирифтанд.

 Мувофиқаҳои дар рафти музокирот бадастомада заминаи боэътимоди ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҳалталабро, ки тайи ду даҳсолаи ахир ба рушди табиии муносибатҳои ду кишвар монеа шуда буданд, фароҳам меорад. Қариб ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карданд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имконият дод, ки Шартномаи дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонанд.

Қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз натиҷаи дигари муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад. Дар ин замина қарори ҷонибҳо оид ба марҳала ба марҳала барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ муассир мебошад. Ин иқдом на танҳо таъсири бузурги иқтисодӣ хоҳад дошт, балки омили беҳбудии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, ки дар он зиёда аз сеюним миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад, хоҳад шуд. Қарордодҳои дар рафти гуфтушунид бадастомада, ҳамчунин, барои дар вақтҳои наздик барқарор кардани иртибототи ҳавоиву автомобилӣ байни дигар шаҳрҳо бар иловаи хатсайри ҳавоие, ки феълан байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар амал мекунад, заминаи заруриро ба вуҷуд меоранд. Ҳамаи ин натиҷаҳо рафтуомади мутақобили шаҳрвандонро ба таври назаррас сабук гардонида, ҳамзамон, ба минбаъд ҳам наздиктар шудани ду халқи бародар, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар робитаҳои ҷонибҳо мусоидат менамояд.

Дар рафти музокирот муҳиммияти рушди робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар, ки ба фаъолнок кардани унсури бунёдии муносиботи байнидавлатӣ -ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат менамояд, таъкид гардид. Сарони ду кишвар аз шаш баробар зиёд шудани тиҷорати дуҷониба дар вақтҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ният доранд дар ояндаи наздик ҳаҷми онро ба ним миллиард доллар расонанд.

Тарафҳо муҳиммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳангиву башарӣ таъкид намуданд. Дар ин замина сухан, аз ҷумла дар бораи он рафт, ки асарҳои адабии классикиву муосир ба забонҳои давлатии ду кишвар тарҷума гардида, сатҳи омӯзиш ва таълими забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистону Тоҷикистон мутаносибан баланд бардошта шавад.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки сафари имрӯза марҳалаи наверо дар муносибатҳои дуҷониба ҳусни оғоз бахшида, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар раванди рушди мусбату созандаи онҳоро дар масири болоравии бебозгашт таҳким мебахшад. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо имзои 25 созишномаи ҳамкорӣ байни ду кишвар ба анҷом расид. Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзиёев Ш.М Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ санаи 17-18 августи соли 2018 озими Ӯзбекистон шуд.

 Рӯзи 17-уми август дар шаҳри Тошкент дар доираи сафари давлатӣ мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқоти хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ду давлат ба таври амиқ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев маросими имзои санадаҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд, ки дар он 26 санад ба имзо расид.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро имзо карданд. Бешубҳа, имзои Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ муносибатҳои ду кишварро ба сатҳу сифати нав мебарорад. Ин тадбир ҳамчун рӯйдоди таърихӣ бозгуйи ҷаҳду талошҳои самимии мо барои таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад” – таъкид доштанд зимни мулоқот Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

17 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҳақиқат ҳамкории сиёсию дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав қадам ниҳод. Дар заминаи таҳкими робитахои сиёсӣ миёни ду кишвар муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ низ вусъати тоза гирифт. Соли 2020 Ӯзбекистон дар байни шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мақоми сеюмро соҳиб гардид.

Гардиши молу маҳсулот дар ин сол байни ду кишвар 333,8 млн долл. ташкил намуд. Дар шароити авҷи буҳрони нави ҷаҳонӣ (вобаста ба COVID-19) зарурияти ҳамгиройи амиқи минтақавӣ беш аз пеш ба миён омад. Дар ин марҳилаи душвор Ӯзбекистон садоқати худро ба ҳамраъии шарики стратегӣ ва ҳамгиройи минтақавӣ зоҳир намуда, ба Тоҷикистон дар мубориза ба ин вабои нави аср кӯмакҳои башардӯстона расонид. Фақат дар чор моҳи соли 2020 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи 2,5 млн долл. кӯмаки башардустона намуд. 9 апрели соли 2020 аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон иловатан 18 вагон дорувору маводи хӯрока ва гурҳҳи табибон бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ барои кӯмак ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Ин иқдомҳои башардӯстонаи Ҳукумати Ӯзбекистонро мардуми тоҷик бо сипос ва рӯҳбаландии бузург истиқбол намуданд. Чунин иқдомҳо аз сатҳи баланди робитаҳои бародарӣ, неку ҳамсоягии ду халқи ҳамсоя кишварҳо башорат медиҳанд.

Моҳи июни соли 2021 сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Ш.М.Мирзиёев ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Умед аст, ки ташрифи Сарвари ҳамсоякишвари дӯст ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ миёни ду халқҳои бародар мусоидати бештар хоҳад намуд. Халқи тоҷик Сарвари муҳтарами кишвари дӯсту бародар Шавкат Мирамонович Мирзиёевро ба сарзамини файзбори худ хайра мақдам мегӯяд.

Хушвахтзода Қ.Х. ректори ДМТ,

профессор

Мирзоев Н.М. профессори ДМТ