ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ МИЛЛӢ

700

Дар ҷаҳони пурталотуми имрӯз Тоҷикистон, ки бо ниёзи рӯзафзун ва тайини тадвин аз истиқлоли хеш истиқбол дорад, давлатест, ки мавҷуд аст, сиёсат дорад, майдони зиндагии хеш меҷӯяд, иқдомҳо анҷом медиҳад ва ба сӯи оянда менигарад. Истиқболи истиқлол назар ва нишонаи давлатдорӣ аст, маҳз дар ин айём мо худро мешиносем ва ҳуввияти хеш меҷӯем.

Шинохт ва огоҳии миллӣ амри нахустини тасмимгирии худшиносӣ барои худсозӣ аст. Амри шинохт баҳри худшиносӣ бо мақсади худсозӣ аз ҷиҳати созгорӣ ва ҳидоят моро аз ҳаёти иҷтимоӣ огоҳ менамояд ва дар ин ҷиҳат ба хайру саодати хеш мерасонад. Барои расидан ба ин ормон, тасмимгириҳо, зарурияти мавқеъёбӣ (мавқеъ доштан), ниёзҳо ва арзишҳои мавриди ниёзи маънавӣ аз масъалаҳое мебошад, ки моро ба омодагӣ ва омӯзишҳои (саводи) мавриди ниёз ҳидоят менамояд. Аз ҷиҳати баҳрагирӣ, ки мо дар робита бо истиқлол, аз он ҷиҳат, ки сармояи кишварем, нақши ояндаи созгори он буда (шуда) метавонем ва бояд барои созгории он омодагӣ ва тадбир дошта бошем, барои таҷлили он вазифадор бошем, огоҳӣ ва маҳорати лозимиро ба даст дошта бошем.

Мо дар остонаи сисолагии истиқболи истиқлол ҳастем, ки бояд ҷазб бо он бошем ва бо диққат нисбат ба сарнавиштамон бетаваҷҷуҳ набошем. Мо барои баррасии комилтари ин баҳс таъкид менамоем, ки имрӯз ҳукумати кишвар дар созандагии насл аст ва дар ин марҳилаи ҳассосу эҳсос аз таърих дар беҳтар намудани ҳаёти маънавӣ густаришҳоро сайқал медиҳад. Насле, ки барои он шинохт, худогоҳӣ баҳри худсозӣ бегона аст, оқибат (ниҳоят) имкони расидан ба хайру саодатро надорад ва масъалагузорӣ барои онҳо, мавқеъгароӣ аст.

Мо бояд бидонем, ки дар кадом вазъ ва кадом марҳила қарор дорем ва дар баробари ин эҳсосҳо, камбудиҳо, норасогиҳои мо дар чи ҳоланд ва чи гуна вазъ доранд ва метавон онҳоро таъғйир диҳем.

 Асри мо асри мушкилоти азим аст, зеро аз як тараф, тамоилот ва гароишҳои сиёсӣ, аз сӯи дигар, хурофотҳои баъзе гурӯҳҳои мазҳабӣ ва равияҳои ифротии динӣ роҳи асли наслро ғалат месозанд. Ин сархурдагон буданд ва агар ба таърихи си соли истиқлоли миллиамон бингарем, ҳамеша онҳо бо «либосу кӯлоҳ»-и дигар, бо тафриқаву тафовут сангар сохтанд, мардумро ба парокандагии миллӣ даъват карданд ва мулло-намоёнӣ намуданд. Онҳо ҳоло ҳам барои манфиати сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ сарнавишти миллатро ба савдо мегузоранд. Мо хуб медонем, ки ихтилофҳои сиёсӣ-динӣ аз тавоноӣ ва маҷбурӣ рӯй медиҳанд. То имрӯз ҳеҷ низоми сиёсие вуҷуд надорад, ки тавонад манбаи ин ихтилофотро айнӣ ва тариқи мислу назар бидонад. Мо фақат ин нуқтаро дар назар дошта бошем, ки ихтилофотҳои сиёсӣ-динӣ тазодҳои кашида ва оқибатҳои табоҳкунанда доранд.

Аз ҷиҳати дигар, ба вуҷуд ва тарғиби таасубҳои мазҳабӣ бояд мунтазам посух диҳем ва дар ин навбат вожаи маълуми ҳар воқеанигори сиёсӣ «зиракии сиёсӣ» дар ҳар лағжиши сиёсӣ, ки маънои «буд набуд»-ро дорад, ки маънӣ надорад.

Заминаҳои лағжиши сиёсӣ ва динӣ дид ва дидгоҳи мухталиф доранд, ки сабаби пайдоиши ақида ва таъбири он мешаванд, ки хатарнок аст. Камогоҳӣ ва камтаҷрибавӣ дар сатҳи ақида ва ғалабаи эҳсосотба ақл сабаб мешавад, ки огоҳӣ заиф бошад. Алоқаманд будан ва пазируфтани гароишҳои сиёсӣ-динӣ ва майл доштан ба ақидаҳои таасубӣ истиқлоли фикриро барҳам мезанад. Хатари таъғйири ақида, дар ниҳоят сабаби пайдоиши дигаргуниҳои сиёсӣ буда, сабаби пайдоиши ақибнишиниҳо аст. Зоҳиран масъалаи бархурдорӣ аз дину мазҳуб, кайҳо баррасӣ аст, аммо сархурдагӣ ҳоло ҳам дар дину мазҳаб намоён аст. Агар амале хилофи дину мазҳаб шавад, сабабаш рӯҳонӣ аст ва агар лағжишҳо, ки ниҳояташ сархурдагӣ аст, сабабаш заъфи мантиқи дарки дин аст: чӣ бисёранд ақидаҳои хурофотӣ ва одобу русуми бебаҳо, ки аз мо ба мо расида, мо берун аз мантиқу таҳлил ба он по мегузорем.

Мо мункири он нестем, ки дар мавриди андешаи нави сиёсӣ зебоиҳои зоҳирӣ ва беамиқии онҳоро асл пиндорем. Мо медонем, ки тарҳи масъалаи нав ба мо асари фавқулода дорад. Мо ҳамеша шефтаи навоварӣ ва афкору андешаҳои нав ҳастем. Ончунон, ки гӯё аз вазъи оддӣ хаста шуда, дар талаби навем. Дар натиҷа, ин ақида ғалат аст ва мо ҳамвора бо барқҳо ва зоҳирсозӣ бархурдор мешавем. Ба дунболи фикр ва ақидае мешавем, ки гурӯҳе ба ин кор уҳдадории сиёсӣ дорад.

 Гоҳе аз эҳсосоти динӣ сӯистифода мешавад, чи бисёр аз инҳо, ки масалан, бо исми ислом ва ҳаёт аз ислом мелағжанд, зоҳиран амали ҷиҳати хосеро таъқиб карда, бо иллати вазъи зиндагӣ ба эҳсосот рафта, таҳти таъсири таблиғот мешаванд. Кофӣ аст, ки баҳсҳои сиёсӣ-таблиғотии мо дар муқаддима, дар маъниву аҳкоми истиқлоли мо арзёбӣ карда шаванд, на ба тариқи «аст» ва «ҳаст» хулоса дошта бошанд.

Ҳолати лағжиш ҳолати тарғиби зуроварӣ аст. Ночор фикру андеша ва бо холӣ будани зеҳн таҳти таъсири фикри дигар аст ва бо соддагӣ метавонем, аз мантиқе ба мантиқи дигар гузарем ва «фикри нав»-ро лиқои худ созем.

Дар ҳар вазъу ҳолат мо метавонем ҳастии худро ёбем ва барои майлу ҳадафи худ талош намоем. Ин шинохти мо кӯшишҳое мебошанд, ки моро ба сӯи ормонҳои истиқлол ҳидоят мекунанд. Ҳамчунин, шинохти мо робитаест, ки ҳастии моро ба дигарон мепайвандад ва бо мо имкон медиҳад, ки бо истифода аз онҳо ва бо кӯшиш дар роҳи таҳкиму тақвияти онҳо худро нерӯманд ва барои такомули шинохти худ омода созем. Мо огоҳ ҳастем, ки ҳастии мо, – «кисти мо» дар роҳи баҳрабардории ҳарчи бештар аз истиқлоли миллӣ аст, ки ба мо имкон медиҳад, ки аз худшиносӣ ба худсозӣ бирасем.

Бинобар ин, мо чун ёри истиқлол ҳастии комилпазир ҳастем. Фоидаи истиқлоли мо барои мо ин шинохти камоли ҳақиқат аст. Услуби ба ин роҳ рафтан дар мадди аввал, бинишҳои дарунии мо барои бозшинохт аст, ки моро барои расидан ба худогоҳӣ ва худсозӣ кумак мекунад. Пас, дарки зарурияти худшиносӣ ниёзе аст, далелҳои печидаи ақлӣ дорад. Аз ин рӯ, саргармии мо чизҳои ҳеҷу печида, ки ба рӯшди мо муяссар нест ва ғурбат дорад, омезиш ба манфиатҳои моро надорад ва дар он роҳи шинохт муяссари мо нест, маъное надорад. Ҳол он ки ҳамаи талошҳои мо барои таъмини манфиати худи мо аст, пас шинохти мо, оғозу анҷоми ӯ ва ҳамчунин худшиносии мо тариқи арзишҳои воқеии худсозӣ мумкин аст. Шинохт, ки сайри маънавӣ аст, ба мо имкон медиҳад, ки ҳақиқати хешро донем. Инҷо манзури мо худсозӣ аст ва муқаддимаи он истиқлоли мост.

Манзур аз худсозӣ, пардохтан ба хеш, шакл додан ва ҷиҳат бахшидан ба истиқлоли миллӣ аст. Ҳадаф аз худковӣ ин аст, ки мо бо тамоил дар ҳастии хеш, истеъдодҳои дарунӣ, кӯшишҳои ботинӣ, ҳадафҳои аслӣ ва ниятҳои ниҳоии худ, ҳақиқати истиқлоламонро мешиносем ва ҳастии худро дар ҳастии ӯ мебинем.

Шинохти мо камоли ҳақиқати мо аст, ки маънои дарки виҷдониии истиқлолро дорад. Шинохт ихтиёру интихоб аст. Ба ибораи дигар, худшиносӣ барои худсозӣ тафаккур-паймони миллии мо аст, ки аз чашмаҳои ҳаётбахши маънавии кишвари куҳанбунёди мо сарчашма мегирад.

Истиқлоли миллӣ уфуқи диди равшани шинохту худшиносии мо аст, ки худсозиро равшанӣ медиҳад. Дар ҳамоҳангӣ бо худогоҳӣ чархи ҳастии моро ҳамқадам ба замон месозад. Дар ин ҳангом, маънии истиқлол ватандорӣ аст, айён аст ва таҷриба буд, ки муқовиматҳои сиёсӣ-динӣ афкору андешаи мардумро заҳролуд намуданд ва боис гардиданд, ки муборизаҳои шадид ба тарзу усули ҷоҳилона сурат гиранд. Ҳар гурӯҳ манфиати маҳдуди сиёсии худро аз манфиати миллӣ боло медонист. Ин аз муқовиматҳои нокоми сиёсӣ дар таърихи навини Тоҷикистон гароишҳо ба фурӯпошии миллиро ба бор овард. Ин муқовиматҳои сиёсӣ гирифтори идеологияи бофтаи хеш буданд.

Бархӯрди ақидавии ҷараёнҳои сиёсии Тоҷикистон оқибат сабаби ба ду сангар ҷудо шудани мардуми ноогоҳ гардид. Дар Тоҷикистон ба ҷои ҳифзи муҳимоти миллӣ, курсиҳои мансабӣ шуморида мешуданд. Гурӯҳҳои алоҳидаи таблиғотӣ, аз назари ҳадафи сиёсӣ шиору даъватҳо эҷод мекарданд. Баъзе табақоти мардум ба онҳо бовар мекарданд ва имрӯз ҳам, баъди си сол ин табақа бовар доранд. Шиорнависон, ки ба ин муқовимати сиёсӣ солиён омодагӣ доштанд, ба ҳар андеша бовар доштани миллати хешро эҳсос карда, шиорҳои бепояро иҷборан ба ҳаммайдонон талқин менамуданд. Аксари ин навиштаҳо дур аз нури имон, рафоқат ва ҳамгироӣ буданд. Шиорҳои маҷҳул, ки ба унвонии миллат навишта мешуданд, пазируфта мешуданд ва хоҷагон онҳоро низ тасдиқ мекарданд.

 Дар майдон пешвоён сухан гуфта, ровиёнро ҷустуҷӯ мекарданд. Тоҷикистон ғофил монд, фикру андешаи таъмини амнияти он ба мардум бегона гардид. Ин рӯҳия сабаб шуд, ки тафаккури миллӣ шакл нагирифт. Мардуми оддии дар майдон рехта чиро медонистанд, онҳо ҳамон шиоре, ки бо баландгӯяк муллонамоҳо мегуфтанд, такрор мекар¬данд.

Баъзе муҳаққиқони таърихи нави Тоҷикистон мегӯянд, ки мумкин буд, дар ибтидои муқовиматҳои сиёсӣ, агар пешвое мебуд, пеши роҳи хушунатҳо гирифта мешуд. Ин баҳспазир аст. Барои он, ки тундравии қувваҳои сиёсӣ-динии ҷоҳилона манъ карда мешуд, дар мадди аввал розигии бевоситаи хоҷагони онҳо зарурат буд, зеро хоҷагон барои ин ҷанги миллӣ кафи хешро молиш медоданд. Борҳо Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд ва таъкид ба таъкид тасдиқ карданд, ки ин ҷанги миллӣ, на ватанӣ, балки таҳмилӣ буд ва ҳеҷ ин сархурдагон ва хоҷагони онҳо то ҳол аз ният даст нашустаанд.

Майдон, ки саҳнаву нақшҳои номушаххас дошт, роҳбарии он сода буданд, дар охири давраи саҳнаи муқовимат, ахдофи сиёсии тарҳрезишуда ба муқовимати хушунатбори мардуми маҳаллӣ табдил ёфт.

Ҷанги муқобил идома меёфт, чун аз ихтиёр берун шуда буд, хоҷагон диданд, ки низои тарафайн аз нақшаи онҳо дур рафтааст, аз ҷангҳои хунин худро канор гирифтанд. Ба ин тартиб, давраи дуввуми муқовиматҳои сиёсӣ бидуни таҳнияти хоҷагон авҷ гирифт. Ҷанг касб шуд ва интиқомҷӯӣ оғоз гардид. Акнун тамоми дороӣ ва нодории Тоҷикистон дар маърази нобудӣ қарор гирифт. Иқтисод, таърих, фарҳанг ва тамомияти арзии Тоҷикистонро хатар таҳдид мекард.

Касе, ки ба интиқомҷӯӣ монеъ шуд, ин заҳматҳову талошҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистони вақт, ки имрӯз дар воқеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ аст, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин шадидтарин ихтилофоти сиёсӣ-низомиро ба ваҳдати миллӣ анҷом дод: таъкиди ӯ – «ҷанги миёни тоҷикон ҳалли низомӣ надорад, фақат бо роҳи равшани мусолиҳаи сиёсӣ муяссар аст».

Дар ин ҳолат, талошҳои сиёсии Пешвои миллат барои ваҳдати сартосарии кишвар ормони миллӣ гардид, зеро тоҷикон акнун донистанд, ки ҳамаи ин таҳдидҳои сиёсӣ хатари маҳвшавии онҳоро дорад. Билохира, имкони мусолиҳа – бовариҳои сиёсӣ ба миён омаданд ва бо кӯтоҳ омадани як тараф метавонанд ҳукумати муштарак ё давлати муштарак бисозанд.

Ба таъбири дигар, ба ҷои сукуту хоби зимистонӣ боғи умед, паёмҳову навигариҳо ва таҳвилу дигаргунӣ эҷод гардид. Имрӯз Тоҷикистон матолиби дигаргунии авзои иқтисодиву иҷтимоиро дорад, зеро толиби ин эҷоди мактаби давлатдорӣ аст. Толи¬би тавсеа ва пешрафт аст. Агар ба таърихи навин бинигарем, тайи си соли истиқлол Тоҷикистон ҳамеша дар таъсири ҳар гуна дахолат қарор дошт ва ҳама тафриқаву тафовут, ба нобудӣ расиданд. Дар дохили Тоҷикистон ҳама вақт ҷараёнҳои муайяни сиёсии аз хориҷ вурудомада маншаи дахолат ба кишварро дошта, мутаассифона, баъзан дастгирӣ ҳам меёфт. Истиқлоли давлатии мо, ки си сол қабл насиби миллат гашт, имрӯз посухҳову ниёзҳо надорад. Ин истиқлол дастоварди миллат аст ва эҳтироми он муҳим аст. Имрӯз дар таъмини комили аҳкоми истиқлолияти давлатии тоҷикон, ки миёни онҳо ҳам атеисту ҳам диндор ҳастанд, бояд ваҳдати миллӣ чун ормони миллӣ мисли гавҳараки чашм ҳифз карда шавад ва он набояд газанда ва сархурда дошта бошад.

Саодатмандтарин миллат ва давлат он аст, ки роҳбараш аз вазъи мавҷуд огоҳии воқиф до¬рад. Дар ҳамоҳангӣ бо неруҳои дигар огоҳона бидуни шитобкорӣ ислоҳоту таҳаввулоти таърихро дар давлати хеш пиёда мекунад ва чархи зиндагиро ҳамқадам ба таъриху замон пеш меронад.

Маълум аст, ки эъмори як давлат падидаи давоталабона аст ва замоне метавонад пойдор монад, ки дар бунёди истиқлолияташ устувор бошад ва ҳама ниёз ва иттиҳодро барои бақои саодат муфид донад. Маҳз дар чунин давлат дарахти ҳуввиятшиносӣ аз ин гуна иттиҳоди муштарак аз чашмаҳои таърих, таҷриба ва ифтихороти миллӣ об мехӯрад. Тоҷикистон кишваре аст, ки аз лиҳози таърихӣ давраҳои заррине аз тараққиро ба вижа дар арсаи илм ва фарҳанг таҷриба кардааст. Бо ин ҳама маънӣ ин кишвар қодир аст роҳи рушду беҳбудӣ ва муқаддам дошта бошад. Фақат тафаккури истиқлоли миллӣ уфуқҳои диди равшанро боз ҳам рӯшантар сохта густариш медиҳад ва дурнамои хешро ғановат мебахшад. Ин гуна тафаккур ҳеҷ гоҳ ақидаи бегонаро ҳадафи худ қарор намедиҳад ва миллати хешро қурбони андешаҳои бего¬на намесозад.

Си соли истиқлоли мо мактабҳо ва дарсҳо дорад. Он давлату давлатдорӣ, замонҳо ва маконҳоро ба ёд меоварад. Имрӯз зери парчами истиқлол ҳастем ва неруҳои хешро самимона ва садоқатмандона дар роҳи истиқлол, ки пайроҳаи сулҳу субот аст, мепайвандем. Инро ҳам медонем, ки имрӯз шикастаниҳо, аз гур гирифтаниҳо қоидаҳои сиёсӣ-динӣ мегиранд. Аммо, аз ҳар ҷиҳат, аз ҳар паҳлӯ созандагӣ эҷод мекунем, пайвастагиҳоро бо номи ҳуввият лафз мекунем. Давлатдории имрӯзи мо падидаи нодире дар саҳнаи таърихи ҷомеаи башарият аст, ки ба гузаштаи мо зару зевар медиҳад. Возеҳ аст, ки давраи созгории мо фароҳам омад, ки барои нақшофариниши мо муҳим аст. Ба вижа дар густариши мо, баҳри истиқлоли мо ва густариши он ба сӯи ҳадафҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ аҳамият дорад. Ҳамвора як ҳаракати нерӯманд пешравии моро раҳбарӣ менамояд ва онро намоён месозад. Пешвои миллат барои мо як ҳаракати пешрафт аст, ки моро раҳбарӣ менамояд ва иллатҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро матраҳ месозад.

Бунёдкорӣ ва созандагӣ подоши истиқлол аст. Ин истеҳкомест, ки таблиғоти сархурдагонро, ки имрӯз арзон аст, гом мезанад. Мо имрӯз дар бунёдкорӣ ва созандагӣ дармону ормонҳои хешро ошкор месозем ва дар андоми истиқлол худро мебинем. Гузаштаи мо дар масири таърих бо хати сурх ҷовидона навишта шудааст ва имрӯз дар зикри мо, саъйи мо, эҷоди мо боқӣ мондааст ва дар густариши давлатдо¬рии имрӯзи мо кофӣ аст.

Ҳар гуна истиқлол мисли кӯдакест, ки ба майдон меояд, барои дифои худ ғаш мекунад ва хонавода ба сӯи зиндагӣ шудани ӯ талош мекунад. Бо қудратмандӣ ва нерумандии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлол ба даст овардем, ҷанги таҳмилиро паси сар кардем ва зиндагии хешро идома додем ва имрӯз Тоҷикистон ба унвони як неруи қудратманди сиёсӣ дар саҳифаи сиёсии ҷаҳон нақш дорад.

Мо борҳо гуфтем, ки истиқлоли мо барои мо танҳо ба унвони як андешаву эътиқод ва фақат як мактаби фикрӣ нест, балки истиқлоли мо барои мо муҳимтарин бақо аст, ки ҳастии мо, мавҷудияти мо, вуҷуди мо ва худшиносии мо барои худсозии мо дар он хулоса мешавад. Касе, ки ба ин ҳақиқати айнӣ шак дорад, бешак ғафлатзада ва ё бегона аст. Мо имрӯз давлат месозем ва мехоҳем, ки истиқлоли мо мустақим бошад ва дар ин ҳолат ҳеҷ чора ва ҳеҷ таблиғи сархудае пеши моро нахоҳад гирифт.

Ҳамаи талошҳои мо, зарурати шинохти мо, барои худсозии мо тайини мактаби давлатдории мо дар пайраҳаи истиқлол фишорҳо, таъсироти сиёсӣ-динӣ, таблиғотҳои натавонро пушти сар мепартояд. Мо дониста будем ва имрӯз донистем, ки барои пойдории дав¬латдорӣ мо бояд андешаҳои қавиву мустаҳкам дош¬та бошем, то бо шароити фикрӣ ва зеҳнӣ маънии истиқлоли хеш¬ро такмил диҳем.

Судури истиқлол, судури андешаҳо ва маънавиёти давлатдории мо аст. Имрӯз давлатдории мо ба унвони як неруи сиёсии ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Пирӯзии истиқлол дар талошҳои доимии мо, ки баҳри такмилу густариши давлатдории тоҷик аст, дар истиқлол, ҳуввияти миллӣ, дар худшиносӣ баҳри худсозӣ тавзеҳ ва такмил меёбад.

Каримҷон ҚОДИРОВ,

доктори илмҳои фалсафа, профессор

Маҳмадизода Нозим Давлатмурод

декани факултети фалсафаи ДМТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор