ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИВУ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН БО ХИТОЙ ДАР ДОИРАИ СҲШ

627

Дар шароити ҷаҳонишавӣ алоқаҳои гуманитарӣ байни акторҳои мухталиф босуръат инкишоф меёбанд. Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ муносибатҳои наздики миллатҳо ва  давлатҳоро тавсеаи бесобиқа бахшида, дастрасӣ ба комёбиҳои навину арзишманди башарӣ ва баҳрабардорӣ аз дастовардҳои тафаккури созандаи инсониро барои аҳли башар муяссар мегардонад. Дар баробари ин, мушкилоти моддиву маънавӣ ва ахлоқии  башар низ хислати глобалӣ касб карда, ин амр боиси торафт афзудани фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ангезиши бархурди тамаддунҳо мегардад. Робитаҳо байни халқҳои тоҷику чин ба умқи қарнҳо расида, ҳанўз аз даврони қадим халқҳои тоҷику чин байни якдигар робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ дошта, дар тўли асрҳо тавассути Шоҳроҳи бузурги Абрешим бо ҳамдигар муносибатҳои доманадор доштанд. Дар масири   истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти илму маориф ва фарҳангро яке аз самтҳои афзалиятнок шуморида,  дар ин самт ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро бо шарикони хориҷии хеш ва ниҳодҳоду созмонҳои хислати  гуногундошта  ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан ба манофеи миллии кишвар мувофиқат мекунад, ва ин ҳамкориҳо имрӯз дар тамоми самтҳои манофеи умумӣ – сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, савдо, илму техника, фарҳанг ва маориф дар ҳоли рушд қарор дорад. Махсусан густариши ин муносибатҳо дар низоми ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Хитой ва дигар кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай зиёд ба назар мерасад. Равобити созандаву самарабахш ва ҳамкориву ҳамдастии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Мардумии Чин  сол аз  сол  ҳам  дар  чаҳорчўбаи   муносибатҳои     дуҷонибаи    байнидавлатӣ ва  ҳам дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай вусъати тоза пайдо  намуда,  соҳаҳои навро дар бар мегиранд. Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз замони вуҷуди хеш худро ҳамчун сохторе муаррифӣ кард, ки барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг ҷидду ҷаҳд мекунад.  Дар санади асосии созмон – Хартияи СҲШ омадааст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ва илмиву фарҳангӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки фаъолияти созмон ба ҳисоб меравад. Дар даврони навин бо дарёфти истиқлолияти давлатӣ робитаҳо байни Тоҷикистону Хитой мазмуну мундариҷа, характер ва самтҳои нав ба худ гирифтанд. Дар тўли 30 соли соҳибистиқлолӣ робитаҳои ду ҳамсоякишвар ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ расида, натиҷаҳои судмандро дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг чи дар самти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба махсусан дар доираи  Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба бор оварданд. Роҳбарони Тоҷикистону Хитой  нисбати  ҳамкории ду кишвар дар соҳаи гуманитарӣ аҳамияти бештар медиҳанд. Ин мавзӯъ дар давоми ҳар як вохўриҳо ба дараҷаи олӣ матраҳ  медиҳад, ки барои мусоидати ҳалли робитаҳои ҳамкори вусъати тоза мебахшад. Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба илм ва фарҳанги Хитой хеле зиёд аст. Аз ин рў, сафи омўзандагони забони  хитоӣ сол то сол ба маротиб меафзояд. Дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ гурўҳҳои забони чинӣ амал мекунанд. Ҳамчунирн Марказҳои фарҳангӣ-таълимии Конфутсий дар баъзе аз муассисаҳои илмии кишвар фаъолият менамояд, ки дар он донишҷўёни тоҷик забон, фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои халқи Хитойро меомўзанд. Дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии мардумии Хитой низ сафи донишҷўёни тоҷик сол то сол меафзояд. Имрўз дар 112 макотиби олии Хитой беш аз 3000 донишҷўи тоҷик таҳсил мекунад. Боиси қайд аст, дар хитой низ нисбат ба таърих ва  фарҳанги ғании халқи тоҷик таваҷҷуҳи зиёд доарнд, ин аст ки дар баъзе аз муассисаҳои илмӣ ва илмиву таҳқиқотии хитой марказҳои тоҷикшиносӣ (забон, фарҳанг,табиат, сарватҳои зеризаминӣ ва ғ.)  ба фаъолият шуруъ намудаанд.  Дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Тоҷикистон ва Хитой дар соҳаи илмию техникӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷумла муассисаҳои пешбари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: Институти физикаю техникӣ, Институти геология ва сохтмони сейсмикӣ ва сейсмологӣ, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо, Институти омӯзиши масъалаҳои  давлатҳои Осиё ва Аврупо, Институти таърих ва бостоншиносии ба номи А.Дониш ва ғайра фаъолона ширкат меварзанд.

Ин ҳуҷҷатҳо асос барои бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию тадқиқотии Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. иштироки олимон дар симпозиумҳои байналхалқӣ,  ки аз ҷониби тоҷикон ва чиниҳо бо маблағгузориҳои СҲШ ташкил карда шудаанд яке аз самтҳои соҳаи ҳамкориҳои илмӣ дар доираи созмон маҳсуб меёбад. Аз тарафи олимони  Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тоҷикистон экспедитсияҳои муштаракро ба роҳ монда шуд, ки он барои гузаронидани тадқиқоти объектҳои мушаххас мусоидат намудааст. Самтҳои асосии дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар соҳаҳои илмӣ-техникӣ инҳоянд: ҳифзи захираҳои табиӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо, ҳаёт ва илм, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, нанотехнология, саноати компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ, технологияҳои энергетикӣ ва энергетикӣ, мониторинги сейсмологӣ ва пешгирии офат. Вазорати маориф ва технологияҳои Чин, якҷоя бо маъмурияти Созмони Ҳамкории Шанхай, аллакай корро дар ин самт оғоз намудаанд, аз ҷумла,  Маркази илмию техникии Осиёи Марказӣ таъсис додааст, ки тавассути он кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай метавонанд бо ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкорӣ кунанд махсусан бо Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маркази Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкории илмию техникӣ бо мақсади самаранок гардонидани ҳамкориҳои бисёрҷонибаи илмию техникӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай нақши фаъол мебозад. Маркази мазкур дар минтақа барои пешгирӣ намудани заминҷунбиҳои эҳтимолӣ дар Осиёи Марказӣ мувофиқи принсипи «ягона», инчунин барои бунёд кардани базаи ягонаи иттилоотии илмию техникии Осиёи Миёна, ки дар он мониторинги экологӣ гузаронидан имконпазир гардад, мусоидат мекунад. Марказ инчунин барои хизматрасонии ҳамаҷониба, мубодилаи иттилооти илмӣ-техникӣ, таҳқиқоти стратегӣ, ташкили мубодилаи илмӣ, муаррифии маҳсулоти нав ва интиқоли технологияҳо, инкубатсия, омодасозии кадрҳои илмӣ, паҳн намудани натиҷаҳои тадқиқот, идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии кадрҳо ва ғайра пешбинӣ шудааст. Бояд қайд намуд ки муносибатҳои фарҳанги байни ду давлат моҳияти гузаронидани Рузҳои фарҳангӣ дар кишварҳо танзим оварда шуд, ки солҳои 2008, 2013, 2019 дар Чин Рузҳои фарҳангии Тоҷикистон, инчунин солҳои 2007 ва 2014 дар Тоҷикистон Рузҳои фарҳангии Чин гузаронида шудаанд. Ҳамчунин ҳамасола бо дастгири ва пешниҳоди Созмони ҳамкории Шанхай дар кишварҳои узв намоишгоҳҳои фарҳангӣ баргузор мегардад, ки дар он бо ҷалби мутахассисон мавзеъҳои таърихиву саёҳатӣ, расму ойин, анъана, намоишномаҳои фарҳангӣ, намоиш дода мешавад. Қобил ба зикр аст, ки мутобиқи муқаррароти СҲШ, мутаносибан иҷлоси ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Соли 2021 ба таъсис ёфтани СҲШ 20 сол пур мегардад.

Кишвари мо омодагиро ҷиҳати пазируфтани раёсат дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 оғоз намуда, ният дорад, ки дар рушди минбаъдаи созмон саҳми арзанда гузорад. Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотиро ҷиҳати омодагӣ ва баргузории сатҳи баланди нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар таъсис додааст, ки он ҳоло фаъолона кор мекунад. Дар давраи раёсати худ Тоҷикистон ният дорад, ки барои таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ кӯшиш ба харҷ диҳад. Новобаста аз навтаъсис будан, тибқи ченакҳои байналмилалӣ, СҲШ дар давоми мавҷудияти хеш худро ҳамчун майдончаи босамари мубодилаи афкор, коркарди мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳанг сохтани нуқтаи назари гуногун нишон дода, вобаста ба талаботҳои замони муосир мақсаду вазифаҳои доштаашро такмил хоҳад дод. Ба муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистону Чин назар карда бо боварӣ метавон гуфт, ки он дар оянда низ рушди устуворро бархурдор хоҳад буд. Умуман мо метавонем чунин хулоса барорем, ки Ҷумҳурии халқии Хитой дар доираи СҲШ муносибатҳои дарозмуддати стратегӣ бо Тоҷикистонро бунёд мекунад ва тибқи ҳадафҳои геополитикии худ манфиатдор низ ҳаст. Ҳамкорӣ дар чаҳорчуби СҲШ барои ҶТ ва дигар кишварҳои узв ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ муҳим ва муассир хоҳад буд.

Ҳ. Мирзоев– устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ