АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ ТАЪРИХИИ ФАРЗАНДОНИ БАРӮМАНДИ МИЛЛАТ

6

Бо ташаббус ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва шахсиятҳои барҷастаи миллат эҳёи тоза ёфта, ҷойгоҳи шоистаи худро дар зеҳну шуури ҷомеа соҳиб гардидаанд. Яке аз иқдомҳои муҳим ва таърихии Пешвои миллат ба Ватан овардани муште аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат – Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи фарҳанги миллӣ Нисор Муҳаммад мебошад, ки ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба таърих, ҳифзи хотираи миллӣ ва эҳтиром ба фарзандони содиқи миллат аҳамияти бузурги маънавӣ дорад.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои арзишманди фарзандони фарзонаи миллат, имрӯз ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳ профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ба мавзеи оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо гузоштани гулгузорӣ ва ёдоварӣ аз корномаҳои неки Қаҳрамонони Тоҷикистон руҳи онҳоро гиромӣ доштанд.

Ин иқдом дар пайравӣ ба сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои миллат амалӣ гардида, ба хотири қадрдонӣ аз хизматҳои шахсиятҳое сурат гирифт, ки барои озодӣ, ободии Ватан, ҳифзи забону фарҳанги миллӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон ҷоннисорӣ намудаанд. Ҳамзамон, чунин тадбирҳо дар тарбияи ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ миёни насли ҷавон ва муаррифии бештари қаҳрамонони миллат нақши муассир мегузоранд.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муште аз хоки оромгоҳи ин фарзандони барӯманди миллат ба Тоҷикистон оварда шуда, ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи таъсис ва таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ мегардад. Эҳтиром ба гузашта ва пос доштани хотираи шахсиятҳои фидокор яке аз пояҳои муҳимми худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими арзишҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.