ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

1750

Истиқлолият неъмати олӣ ва бебаҳо ба ҳисоб меравад. Аслан, дар шароити имрӯза давлатҳои зиёде мавҷуданд, ки ин неъмати бузургро соҳибанд. Соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ баҳри онҳо имконият ва заминаи хуби такмил ва таҳкими соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро ба вуҷуд меоварад. Давлатҳои соҳибистиқлол қудрати ба амал баровардани самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар даст доранд. Истиқлолият манбаи зинда мондани давлату миллат ва арзишҳои ба онҳо марбутро ифода менамояд. Амали намудани талаботу манфиатҳо хубтар дарк мешаванд ва амалӣ гаштани онҳо осон мегарданд. Он манбаи асосии аз байн бурдани ғуломию бечорагӣ ва қафомондагӣ низ ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатиро метавон ҳамчун падар ва миллатро ҳамчун фарзандони ӯ ташбеҳ дод. Масалан, агар фарзандон падарони худро аз даст диҳанд пас фарзандон ҳама пароканда гашта, роҳгум мезананд ва оқибат метавонанд ба ҳалокат расанд.

Яке аз давлатҳое, ки соҳиби истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ гардидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди аз байн рафтани Иттифоқи Советӣ расман истиқлолияти хешро эълон намуд. Яъне чунин имконият соли 1991 ба даст омад. Дар аввалҳои соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монеаҳо ва мушкилиҳо рӯ ба рӯ гашт. Яке аз чунин монеаҳо ва мушкилиҳо ҷанги ҳамватанӣ буд. Ҷанги ҳамватанӣ монеаи рушди истиқлолият дар мамлакат гардид. Аммо миллати тоҷик бо талафотҳои зиёд ҳам бошад ин мушкилӣ ва хатарро паси сар намуд. Тарафҳои муқобил сари мизи гуфтушунид нишаста, 27 –уми июни соли 1997 бо ҳам сулҳ бастанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мудати 30 соли истиқлолияти хеш ба натиҷаҳои назарас комёб гардид. Роҳбарияти давлат кӯшиш намуда истодааст, ки давлату ҷомеа рушду инкишоф ёбад. Аммо дар баробари музафариятҳо ва комёбиҳо дар самт то ба ҳанӯз мушкилиҳо ва монеаҳои зиёди хатарафзо мавҷуданд. Яке аз чунин мушкилиҳо ва монеаҳои хатарафзо сатҳи пасти маданияти сиёсии оммаи мардум ва бархе аз сиёсатмадорони мамлакат маҳсуб меёбад. Дар шароити имрӯза шуури сиёсии қисми зиёди аҳолии мамлакат дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Онҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ қариб, ки сарфаҳм намераванд. Ҳатто дар ҳаёти сиёсии давлат ва берун аз он чи ҳодиса рух дода истодааст, қариб, ки тасаввуроте надоранд. Ҳол он, ки дар мамлакатҳои дигар, аз ҷумла Аврупо шаҳрвандони он имрӯз аз ҷониби давлату ҳукумат чи қонун ва қароре қабул намудаанд, оғоҳ мешаванд ва дар ҳолатҳои зарури оид ба ҳамон қонуну қарор мавқеи хешро иброз медоранд. Ҷомеае, ки сатҳи пасти дониши сиёсӣ доранд, онҳо наметавонанд дар раванди давлатдорӣ ба дастовардҳои бузург ноил гарданд. Ҷомеаҳои мазкур ҳамавақт дар зери таъсири давлатҳо аз онҳо бузург қарор хоҳанд гирифт ва манфиатҳои миллию давлатии онҳо поймол хоҳад гашт.

Дар шароити имрӯза, ки онро шароити глобаликунонӣ ном мебаранд, ҷомеаи тоҷикро зарурат пеш меояд, ки маданият ва шуури баланди сиёсӣ дошта бошад. Зеро глобализатсия паёмадҳои зиёди манфиеро низ доро мебошад.

Дар замони ҷаҳонишавӣ танҳо ба даст овардани истиқлолият кифоя нест. Ё ин ки танҳо ба гуфтор мо истиқлолият ба даст овардем кор ба анҷом намерасад. Истиқлолият ба даст овардан як амалест ва онро таҳким ва рушду инкишоф додан амали дигарест. Аз ин хотир, вазифаҳои давлату миллатро дар низоми истиқлолгароӣ чунин арзёбӣ намудан мумкин аст:

– таъмини амнияти истиқлолият. Чун миллате истиқлолият ба даст биёрад, фориғболу бепарво нашавад. Зеро дар шароити имрӯза омилҳои зиёди хатарафзо мавҷуданд, ки асосан ба равандҳои истиқлолият таҳдид менамоянд. Вазъияти ҷаҳон дар асри ХХ1 хеле мураккаб гаштааст. Ин ҳолат боиси нигаронӣ аст. Роҳбарияти мамлакат бояд дар мураккабиҳо ва бархӯрди манфиатҳо фаъолияти баланди касбиро аз худ нишон диҳанд. Маҳс маърифати баланди давлатдории элитаи Тоҷикистон омили зарурии зинда мондани миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Баланд бардоштани қобилияти мудофиавии қувваҳои мусаллаҳ низ воситаест аз барои таъмини амнияти истиқлолият;

– рушду инкишофи истиқлолият. Рушду инкишофи истиқлолият, пеш аз ҳама, дар қабули қонунҳо ва сатҳи баамалбарории онҳоро таҷассум менамояд. Амалигардии қонунҳо, қарорҳо бояд дар тамоми самтҳо ва соҳаҳо риоя карда шаванд. Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар заминаи талаботҳои оммаи мардум дарҷ гарданд. Инчунин, тамоми афроди ҷомеа аз сарвари давлат оғоз карда, то ба шахсони одии мамлакат беғаразона ба рушду нумӯи давлату миллат саҳмгузор бошанд.

– самаранок истифода бурдан аз дастовардҳои истиқлолият. Таърих гувоҳ аст, ки давлатҳои зиёде чун истиқлолият ба даст оварданд, онро ба нафъи худ то ба имрӯз мавриди истифода қарор дода истодаанд.

Моҳияти асосии онро таҳким ва такмили давлати миллӣ, рушду инкишофи манфиатҳои миллӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Шуури сиёсӣ омили муҳимтарини таҳким ва такмили истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар давраи муосири инкишофи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зарурати дарки амиқ ва тавсифи пурраю фаҳмои масъалаҳои асосии рушди давлати миллӣ ва ташхиси пешомади давлатдорӣ ба миён омадааст, шуури сиёсӣ аҳамияти барҷастаро касб намудааст.

Ҳар як шаҳрванди мамлакат дар раванди таъмини амнияти истиқлолият, рушду инкишофи истиқлолият ва самаранок истифода бурдан аз дастовардҳои истиқлолият масъул ва уҳдадор аст. Вазифаҳои зикргардида танҳо дар сурате амалӣ хоҳанд гашт, ки сатҳи маданияти сиёсӣ ва шуури сиёсии шаҳрвандони мамлакат инкишофёфта бошад.

Яке аз проблемаҳои дигаре, ки на танҳо дар оянда, балки дар ҳоли ҳозир ба миллату давлат мушкилиҳои зиёде эҷод намуда истодааст, содир гаштани амалҳои коррупсионӣ ба шумор меравад. Коррупсия сатҳу сифати зиндагонии мардумро паст намуда, нобоварии онҳоро нисбати давлату ҳукумат зиёд менамояд. Обрӯи миллату давлатро дар арсаи байналҳалқӣ коста мегардонад. Ташкилотҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла ташкилотҳо ва созмонҳои хосияти иқтисодидошта метавонанд сармоягузорӣ ва муносибатҳои хешро дар соҳаҳои гуногуни кишвар қатъ намоянд, ки чунин амал аз тарафи онҳо дар шароити имрӯза ба манфиати кор нахоҳад шуд.

Барои аз байн бурдани ин амали номатлуб зарур аст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура, суд, амният, мудофиа ва дигар мақомоти қудратӣ ва чӣ дар байни кормандони соҳаҳое, ба мисли гумрук, андоз, тандурустӣ, маориф, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нагузоранд, ки дар аввал дар дохили худ амалҳои коррупсионӣ вуҷуд дошта бошанд. Баъдан бар муқобили он дар мамлакат тамоми чораҳоро андешанд.

Беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии оммаи мардум низ яке аз мақсадҳои асосии давлату ҳукумат мебошад. Чӣ гунае, ки дар конститутсияи мамлакат омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Дар шароити имрӯза технологияи иттилоотӣ бо суръати хеле баланд рушду инкишоф ёфта истодааст. Он баҳри самаранокии тамоми ҷабҳаҳои системаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию маданӣ ва дар дигар соҳаҳои ҷамъиятӣ мақоми арзандаеро касб намудааст. Давлатҳои мутамаддин рушду инкишофи хешро бе истифода аз он тасаввур карда наметавонанд. Технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсиониро манбаи асосии ба даст овардани манфиатҳои геополитикӣ ва геостратегии худ меҳисобанд. Аз ҷумла, бештар барои бадном кардани душман мавриди истифода қарор медиҳанд. Давлатҳои бузург ҷангҳои иттилоотиро роҳи муҳими заиф ва ҳато аз байн бурдани душмани хеш медонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз аввали соҳибистиқлол гардидан зери иттилоотҳои ғаразноки давлатҳои гуногун қарор гирифт. Ҷангҳои иттилоотӣ нисбати Тоҷикистон то ба имрӯз аз ҷониби бархе аз мамлакатҳои дуру наздик идома дорад. Инчунин, гурӯҳҳои гуногуни экстремистию террористӣ мавҷуданд, ки тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи умумиҷаҳонии ИНТЕРНЕТ мехоҳанд ғояҳои беасосу ғаразноки хешро дар мамлакат ташвиқу тарғиб намоянд. Дар бисёр ҳолат гурӯҳҳои мазкур ба мақсад ҳам расида истодаанд. Шомил гардидани бархе аз ҷавонони тоҷик ба гурӯҳхои террористии ДИИШ далели ин гуфтаҳост. Инчунин, бисёре аз иттилоотҳо ва наворҳои шабакаи умумиҷаҳонии интернетӣ хосияти фаҳшу зӯроварӣ ва тарғибгари фарҳанги бегона доранд.

Яке аз самтҳои муҳими ҷангҳои иттилоотиро таъсири манфӣ расонидан ба имиҷи давлату ҳукумат ва элитаи сиёсии он дар бар мегирад. Паст шудани обрую эътибори сарварон ва мақомотҳои давлатӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат ба манфиати кор нахоҳад шуд.

Новобаста аз таъсиси шабакаҳои нави телевизионию радиошунавонӣ ва зиёд шудани шумораҳои рӯзномаю маҷаллаҳо фазои иттилоотии ҷумҳурӣ ҳоло ҳам пурра нагаштааст. Дар чунин ҳолат истифодабарандагон он қадар майл ба тамошо ва шунидани барномаҳои воситаҳои ахбори оммаи ватаниро надоранд. Зеро қисмате аз барномаҳо, махсусан, барномаҳои иттилоотӣ хосияти маҳдудро касб намудаанд.

Пеш аз ҳама, мебояд мушкилиро дар дохили мамлакат ҳал намуд. Ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаро метавон чунин арзёбӣ намуд: –

аз оғози истиқлолияти мамлакат давлату ҳукумат аз барои рушду инкишофи технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ чораҳо андешида истодаанд. Аз ҷумла, қонунҳо, қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Аммо қисми зиёди он то ба имрӯз дар амал пурра татбиқ нагаштаанд. Бояд тамоми он қонунҳо, қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки баҳри ташаккул ва инкишофи воситаҳои иттилоотӣ равона гаштаанд дар амал татбиқ гарданд;

– сатҳи маданияти истифодабарии технологияи иттилоотиро дар байни омма мебояд баланд бардошт. Зеро мушоҳида ва таҳлилҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қисми зиёди оммаи мардум ба тамошои барномаҳои фароғатӣ бештар майл доранд. Барномаҳои таҳлилию сиёсиро мадди назар намегиранд. Ҳол он ки асри ХХ1-ро асри иттилоот меноманд. Онҳое, ки дар хизмати худ технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии муосирро қарор додаанд, дар ҳама ҷабҳаҳо пешсаф ва комёбанд. Ё ин, ки баъзе аз шаҳрвандони мамлакат технологияи истифодабарии воситаҳои муосири иттилоотиро намедонанд.

Ҳамин тариқ, новобаста аз таҳдид ва хатарҳои дар боло зикршуда, дар рушду инкишофи истиқлолияти давлатӣ боз чандин таҳдид ва хатарҳо мавҷуданд. Аз ин хотир, бояд тамоми онҳо саривақт муайян гардида, ҳар чи зудтар бартараф гарданд. Нодида гирифтан ва саривақт бартараф нагардидани онҳо ба инкишофи босуботи мамлакат халалҳо ворид месозанд.

А.А.Умаров, ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ