Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Рӯзи 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, ҳуҷҷати «Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карданд. Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ба аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кард.
Миллати тоҷик ба шарофати Истиқлолияти миллӣ, дар давоми 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои бузург ноил гардид, ки дар таърихи давлатдории халқи мо беназир мебошад.
Пеш аз ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо гардид, ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба вуҷуд омад, ки тавассути он дар кишвар фазои сулҳу оромӣ барқарор карда шуд. Кишвар барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини волоияти қонун дар кишвар ва ташкили Артиши миллии Тоҷикистон барои таъмини оромию суботи давлат ва сарҳадҳои он, таъмини амнияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат қадамҳои устувор гузошт.
Дар давоми солҳои истиқлолият дар кишвари мо иншоотҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, саноатӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои муосири мошингард дар саросари ҷумҳурӣ, сохтмони роҳҳои оҳан, бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла НБО-и Роғун ва даҳҳо неругоҳҳои барқии дигар, хатҳои барқии гуногун, муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва ғайра сохта ба истифода дода шуданд, ва ҳамин тавр Тоҷикистон ба як давлати дар ҳоли пешрафт дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Ҳамчунин, дар ин давра, расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон эҳё гардид, забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кард, мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид, бузургдошти чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба як навъ анъана табдил ёфт.
Соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, саноатӣ ва иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, илму маориф, кишоварзӣ, саноати коркарди маҳсулот, сайёҳӣ ва тандурустӣ ба таври назаррас рушд ёфтанд. Агар дар солҳои аввали истиқлолият мардуми камбизоат 90 % аҳолии кишварро ташкил дода бошад, дар соли 2020 то 26,3 фоиз коҳиш ёфт. Сатҳи некӯаҳволии мардум низ рӯ ба афзоиш мебошад.
Дар тӯли сӣ соли охир, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 маротиба зиёд шуд, даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 97 маротиба ва хароҷоти он дар солҳои соҳибистиқлолӣ 96 маротиба афзоиш ёфт. Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ нисбат ба соли 1991 бо арзи хориҷӣ тақрибан 35 маротиба зиёд гардид. Теъдоди корхонаҳои саноатӣ аз 358 адад дар соли 1991 то ба имрӯз тахминан ба 2500 адад расонида шудаанд. Бахши хусусӣ дар кишвар, ки ҳоло зиёда аз 70 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 дарсади пардохтҳои андозии буҷети давлатиро ташкил медиҳад ва то 70 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисоди фаъол низ дар ин бахш машғули фаъолияти меҳнатӣ ҳастанд, рушди устувор дорад.
Мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа баланд бардошта шуд ва онҳо ба идоракунии давлатӣ ҷалб карда шуданд, миқдори онҳо дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, соҳибкории инфиродӣ афзоиш ёфт. Меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ба меҳвари асосии сиёсати давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мубаддал гардид. Анъана ва расму оинҳои миллӣ ба танзим дароварда шуданд, ба масъулияти падару модар дар таълими фарзанд диққати махсус дода шуд.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ба яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон табдил ёфтааст. Кишвари мо дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷойгоҳи савозор ба даст овард ва пойтахти кишварамон ҳам ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Бо боварии комил метавонем қайд намоем, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар сӣ соли истиқлолияти давлатӣ ба монанди таърихи беназири Давлати Сомониён дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хизмати шоиста хоҳанд кард.
Эшниёзова Г., муаллими калони кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ