30 СОЛИ МУВАФФАҚИЯТҲО

491

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасте хеш бинвишт.

 Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

         Воқеан, ба дасти хеш навиштани тақдир вақте амалӣ мешавад, ки Истиқлолият бошад. Ба ин маъно, ки ҳама гуна арзишҳои милливу дастовардҳои миллӣ ва ташаббус нишон додан дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ вақте аз ҷониби як миллат сурат мегирад, ки агар аз неъмати истиқлолият бархӯрдор бошад. Дар акси ин на садояшро касе мешунаваду на сӯзу созашро касе мебинад. Аз ин рӯ, метавон ба ифтихор гуфт, ки истиқлолият пурарзиштарин ва муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик баъди чандин асрҳо ба шумор меравад ва ягона омиле мебошад, ки миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҳифз намудани манофеъ ва арзишҳои миллиро дарбар мегирад. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Маънои истиқлолият барои мо ин аст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои озод ҷо гирифт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид». Пешвои миллат ҷойи дигаре иброз доштаанд: “Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёрии миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад”.

Оре, Истиқлолият неъмати бебаҳост ва ҳар шаҳрванд масъул аст, ки аз он ҳифзу нигаҳдорӣ намояд. Имсол мо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифтем ва дар ин сӣ сол шоҳид гаштем, ки чи гуна ба истиқлол расидему чи гуна дар вартаи аздастдиҳии он, ҳатто аз байн рафтани якпорчагии кишвару моли таърих шудани миллат қарор доштем ва боз чи гуна қомат рост намудему ташаббусгари бузургтарин тарҳҳои байналмилалӣ шудем. Ба таъкид Пешвои муаззами миллат: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Таърих гувоҳ аст, ки истиқлолият, нигаҳдошту таҳкими пояҳои он ва расидан ба бузургтарин дастовардҳои милливу байналмилалӣ ба худии худ ба майдон наомадааст. Дар ин ҷода саҳми беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳама тоҷикистониёну ҳама ҷаҳониён маълум аст. Маҳз азхудгузаштагиҳои ин Абармард буд, ки тоҷик дубора сарҷамъ гашту дубора чун миллат муаррифӣ гашт. Расидан ба ваҳдати миллӣ, ки таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ ва сарҷамъсози миллат аст, маҳз самараи талошҳои беназири Пешвои миллат мебошад. Арзиши ваҳдати миллӣ дар таърихи миллати тоҷик баробар ба арзиши даст ёфтан ба истиқлолият аст. Ба таъкиди донишманди франсуз Мишел де Монтен: “Беҳтарин сохти давлатдорӣ барои ҳамагуна халқ ҳамон аст, ки агар он сохт иттиҳоду ягонагии давлатро нигоҳ дошта тавонад” ва намунаи ин давлатдории навини тоҷикон аст, ки маҳз дар пояи ваҳдату якдилии миллати тоҷик ба майдон омадааст.

Қобили зикр аст, ки Истиқлолият барои таҳия ва қабули қарору қонунҳои сирф миллӣ, ки таъмини зиндагии шоистаро ба шаҳрвандони кишвар кафолат додаву дар бақову мондагории арзишҳои миллӣ мусоидат мекунанд, заминаҳои ҳуқуқиро гузошт.

Бе шак имрӯз аз ҳар вақти дигар зарурати истиқлолият доштану нигоҳ доштани он эҳсос мешавад. Шиддати ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳоро, ки имрӯз ба нестшавии арзишҳои миллӣ таҳдид мекунад, танҳо истиқлолияти воқеӣ метавонад коҳиш диҳаду барои идома ёфтани ҳастии миллат кафил шавад. Аз ин рӯ, ҳар фарди миллат ва ҳар шаҳрванд имрӯз масъули он аст, ки аз ин неъмати бебаҳо – Истиқлолияти давлатӣ ҳифз намояд ва чун ҷавшани рахнанопазир нагузорад, ки ҳар нохалафу муздури хоҷагони хориҷӣ дар амалисозии ғаразҳои бади худ иқдом кунад.

Муминзода Нозим Исмат н.и.ҳ., мудири шуъбаи ҳуқуқии ДМТ