Истиқлолият ҳамчун воқеаи фараҳбахши таърихӣ ва ҳодисаи муҳимму сарнавиштсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуда, боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон бо тамоми унсурҳои давлатдории миллӣ арзи ҳастӣ намояд ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ расман шинохта шавад. Имрӯз замони ҷаҳонишавист ва вақти он расидааст, ки таърихи ин дастоварди бузурги тоҷикон ба насли наврасу ҷавон хуб омӯзонида шавад. Дар заминаи факултети таърих ташкил намудани курси махсус ва ё курси интихобӣ дар робита ба таърихи Истиқлолияти давлатӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Ин нукта зимни мулоқоти ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети таърих ироа шуд ва гуфта шуд, ки дар заминаи факултет ташкили ҳамоишҳои илмию байналмилалӣ, маҳфилҳои инфиродӣ, ҳамзамон, таълифи китобҳои нави дарсӣ дар робита ба ин дастоварди бузурги миллӣ- Истиқлолияти давлатӣ талаботи замон мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ Ректори донишгоҳ аз фаъолияти факултет дар самти робитаҳои байналмилалӣ (табодули устодону донишҷӯён ва ташкили ҳамоишҳои байналмилалӣ), илм (иштироки фаъол дар озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, инчунин, навиштани мақолаҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣ), тарбия (баргузории вохӯриҳои судманд бо волидайни донишҷӯён ва нишастҳо бо донишҷӯдухтарон) ва таълим (таҳияи китобҳои дарсӣ дар ихтисосҳои забони русӣ, таҷдиди назар намудани саволномаҳои тестӣ ва барномаҳои таълимӣ, ҳамзамон, назорати ҷиддии соатҳои дарсӣ) изҳори нигаронӣ намуд.
Зимнан таъкид шуд, ки дар заминаи факултет сохта ба истифода додани китобхонаи илмӣ ва таъсиси маҷаллаи илмӣ муҳим мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар робита ба масъалаҳои баррасишуда садорат ва мудирони кафедраҳо дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.