Падидаи номатлуби ҷомеа

486

Имрӯз (03.11.2021) тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҷиҳати татбиқ ва иҷрои бандҳои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» вохӯрии устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ доир гардид.

Дар оғоз мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқи донишгоҳ Муминзода Н.И. суханронӣ намуда, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, хатарҳои терроризму экстремизм ва зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки ҷавононро на танҳо бо риояи ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва хиради азалӣ тарбият намуд, балки онҳоро шомил гардидан аз ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳо пешгирӣ намоем.

Сипас журналисти Телевизиони “Тоҷикистон” Фатҳуддини Замон сухан намуда, иброз дошт, ки терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, сабаби ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм қарор дошта, онро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва ҷаҳон медонад.

Дар вохӯрӣ раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии судӣ Олӣ Зафар Азиззода, прокурори муқовимвт ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Рӯзиев, прокурори муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Азимҷон, раиси коллегияи суди оид ба парвандаҳои ҷинояти суди Олӣ Азиззода Зафар, корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чилахонзода Раҷабалӣ ва дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон Амриддин Шарипов ширкат варзида, оид ба мафҳуму мақсади гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ, омилҳҳои пайдоиш ва хатарҳои терроризми муосир, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарои экстремистию террористӣ, баланд бардоштани шуури сиёсии ҷавонон ва таҳкими амнияти миллӣ суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири амалҳои гурӯҳҳои террористӣ нигарон набошад. Террор – ин таҳдид ба тамаддуни ҷаҳонӣ буда, террористон арзишҳои олии умумибашарӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои ғайриинсонии худ ба зӯроварӣ, вайрону валангор намудани мероси фарҳангии бостонии халқу миллатҳо даст мезананд. Дар марҳалаи ҳозира рушд ёфтани фаъолияти таълимоти экстремистӣ ва террористӣ аҳли ҷомеаи мамлакатро водор месозад, ки кори доимиро байни ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани масъулияти онҳо дар таҳкими сулҳу субот, озодию истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амният самарабахш амалӣ созем.

Рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.

Дар охир изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони шарафманди тоҷик бо дарки пойдории ваҳдату истиқлолият ва фароҳамии шароити мусоид омода ҳастанд, ки бо донишу малакаи муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ ба Тоҷикистони азизи худ хизматҳои шоиста ба ҷо оварда, ҳар гӯшаву канори онро ҳифз намоянд ва барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ҳиссаи арзандаи худро гузоранду ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат бошанд.