КОРНОМАИ БЕМИСЛ

907

Бахшида ба Рӯзи Президент. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбариву раҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокатбор берун кашид ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан истиқлолияти воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуд.

Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи ӯ барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Хидматҳои беназири Президенти Тоҷикистон, инчунин, дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, сарфи назар аз миллату нажод, забон ва дину оин муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешавад.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Пешвои миллат на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё кардани арзишҳои волои фарҳанги миллӣ хизматҳои шоиста кардааст.

Маълум аст, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии дохилӣ мактабу маориф, илму фарҳанг ва соҳаи тандурустӣ ба мушкилоти сахт мувоҷеҳ гардиданд. Дар чунин шароити буҳронӣ бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати нави маорифу фарҳанг ва ҳифзи сиҳатии мардум ба вуҷуд оварда шуд, ки ба гиромидошти гузаштаи пурифтихор, ҳифзи анъанаҳои неки мавҷуда ва бунёди ояндаи дурахшон нигаронида шудааст. Сарвари давлати тоҷикон дар суҳбату мулоқот ва суханрониҳои худ зарурати маърифатнокии ҷомеаро таъкид мекунад ва донишмандонро ба омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик даъват менамояд.

Илова бар ин, худи ӯ низ ба омӯзишу таҳқиқи гузаштаи пурифтихори миллат таваҷҷуҳ зоҳир карда, баъзе саҳифаҳои дурахшони ибратбахшу маърифатомӯзи таъриху забону фарҳанги миллатро манзури хонандагон мегардонад, ки китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор» ва номгӯйи зиёди таълифоти гуногунмавзӯъ гувоҳи ин гуфтаҳост.

Бояд гуфт, ки Президенти мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи тандурустӣ, сиҳатии ҷомеа таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир мекунад. Беҳуда нест, ки соли 2015 «Соли оила» эълон шуд. Сиҳатию саломатӣ, пеш аз ҳама, аз муҳити оила сарчашма мегирад. Маҳз падарону модарон ба фарзандони худ тарзи зиндагии солимро нишон медиҳанду ҳифзи саломатиро талқин мекунанд.

Дар давраи истиқлолият садҳо биноҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва марказҳои тандурустӣ бунёд ёфтанд, ки нишонаи ғамхории ӯ ба соҳаи тандурустӣ мебошанд.

Президенти мамлакат вобаста ба солимии оила чунин таъкид намуданд: «Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нишонаи солим будани оила ва камолоти ҷомеа, пеш аз ҳама, муносибати ғамхорона ба зан-модар, зан мураббии фарзандон ва нигоҳдорандаи чароғи хонадон аст».

Бинобар ин, хеле бамаврид ва судманд аст, ки ҳамасола 16-уми ноябрро ҳамчун рӯзи тахрихӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили чорабиниҳои гуногунсатҳ самимона истиқбол гирем.

Алишер МУСЛИМОВ