НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

1270

Дар Партави Паём. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои мубрам ва муҳими ҷомеа баррасӣ мегардад. Албатта, дар асоси ин санади муҳими таърихӣ фаъолияти вазорату корхона ва муассиаҳои давлатӣ ба таври дақиқ арёбӣ мешаванд. Дар Паёми Пешвои муаззами миллат ба масълаи нақши занону бонувон дар пешрафти ҷаҳони муосир диққати махсус дода мешавад, ки он ба дили хурду калон илҳоми тозае зам намуда, муҳаббати ободкориву ватандӯстиро афзун месозад.

Дар Паёми имсола низ ба мақому манзалат ва нақши бонувон дар пешбурди ҷомеа диққати махсус равона гардидааст, ки бозгӯии баъзе аз ин нукоти муҳим ба манфиати ҳамагон хоҳад буд. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон масоили бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, бахусус бонувон, фарогири таҳсил гардидани онҳо, роҳандозии ихтисосҳои дархӯри бозори меҳнат ба таври муназзам ҳалли худро ёфта истодаанд. Ин нуктаи муҳим дар Паём омадааст: «Илова ба ин, зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд». Албатта, маҳз бонувони соҳибкасбу соҳибихтисос дар ҷаҳони муосир, ки бозори меҳнат дар он рақобатпазир мебошад, дар пешрафти устувор нақши калидӣ дошта метавонанд.

Тоҷикистон кишвари биҳиштосост, барои пешбурди фаъолияти самарабахш дар тамоми манотиқи мамлакат шароити мусоид муҳайёст. Дар эҳёи касбу кор ва анъанаҳои миллӣ поягузории мустаҳкамеро дар иқдомҳои бузурги Пешвои миллат мушоҳида менамоем: «Ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд». Воқеан, такмили соҳаи пиллапарварӣ ва дар ин замина роҳандозӣ намудани атласу адрасбофӣ барои бо ҷойи кори муносиб таъмин гардидани занону бонувон дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар мусоидат менамояд.

 Кишвари мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои бузурги стратегӣ риояи меъёрҳои бунёдии демократия муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар ин ҷода ба ҳуқуқу озодиҳои занон арҷ гузоштан муҳим мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба ин масъалаи муҳим дақиқ дахл намудаанд: «Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад».

Дар Тоҷикистон эҳтироми модарону хоҳарон лоиқи таҳсину ибратомӯзист. Дар ҳамаи муассисаву ташкилотҳои давлативу хусусӣ занон дар баробари мардон дар пешрафти ҷомеа нақши босазо доранд. Дар Паём муҳимияти ин мавзуъ таъкид гардидааст: «Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд».

Ба масъалаи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон низ диққати махсус дода шуд: «Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад».

Бузургони олам зан– модарро фаришта хонадаанд, ба бузургии модар сари таъзим фуруд овардаанд. Аз омӯзиши таърихи башар бармеояд, ки на ҳамагон ба қадри ин олиҳаи ҳусн ва кошонаи меҳр мерасанд, фарзандони нохалафе низ ҳастанд, ки ба қадри муҳаббату заҳмати модар намурасанд. Пешвои миллати тоҷик ба арҷ гузоштану эҳтиром намудани модарон дар Паём ҳамагонро ҳидоят фармудаанд: «Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад».

 Мо – занону бонувон гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раҳнамои худ дар зиндагӣ қарор дода, бо азми комил дар ободиву гулгуншуфоии ватани азизамон сайъ менамоем. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии хеш мавқеи устуворро касб менамояд, ки дар ин ҷода саҳми пешвои миллат назаррас буда, иқдомҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндагон сабақи рӯзгор хоҳад буд.

Маҷидзода Давлатбахт Маҷид,

раиси Шӯрои занону духтарони ДМТ, дотсенти кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии факултети иқтисод ва идора